МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ОҚИБАТИ ГУМРОҲӢ МАРГ АСТ

ОҚИБАТИ ГУМРОҲӢ МАРГ АСТ

Ҳар як инсон бояд аз имтиҳони ҳаёт бигзарад ва имкони расидан ба хушбахтиро аз даст надиҳад. Барои зинда мондану зиндагонӣ кардан талошҳои зиёде карда, ҳаёти худу наздиконашро зери хатар нагузорад.
Ин таъкиди мо ба ҷавонону наврасон тааллуқ дорад, зеро дар онҳо қобилияти дарку фаҳм ва арзёбии воқеият ҳанӯз комилан ташаккул наёфтааст. Ин аст, ки аз зиндагӣ зуд ноумед мешаванд, ба кӯтоҳназарию кӯтоҳандешӣ роҳ медиҳанд ва ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро шомил шуда, бегонашавию бегонапарас- тиро нисбат ба Ватан, модар ва наздикон дар дили худ ҷой медиҳанд. 
Равоншиносон борҳо таъкид кардаанд, рӯҳияи ҷавонон ба ҷиҳатҳои мусбату манфии ҷомеа зуд вокуниш нишон медиҳад. Аз ин рӯ, созмонҳои тундрав ба ин паҳлуи психологияи ҷавонон зарба зада, ҳассосияти онҳоро ангеза мебахшанд. Дар ниҳоди ҷавонон шиква кардан, рӯҳафтодагӣ, тундхӯйӣ, худхоҳӣ, одамгурезӣ, дунёбезорӣ, хилватнишинӣ, муносибати душманона бо атрофиён, ба Ватану модар, бетафовутӣ нисбат ба дарду ранҷи одамон, нобоварӣ ба ҳозираву ояндаро ҷой мекунанду вусъат мебахшанд, то ки онҳо қобилияти мустақилона андешиданро гум кунанд. 
Дуруст аст, ки ҷавонону наврасон на ҳамеша масъалаҳои худро ба таври мусолиматомез ҳал карда метавонанд. Бинобар ин, гурӯҳҳои ифротгаро аз ин гуна ҷавонон истифода бурда, роҳи ягонаю дурусти ҳалли мушкилоти онҳоро ба воситаи зӯроварӣ, ҷанҷолу хархаша, занозанӣ, масхараю таҳқиркуниҳо нишон доданӣ мешаванд. Дар ин робита, ҷавонону наврасонро басо зарур аст, ки тарзу усулҳои муқобилият ба ин зуҳурот ва гурӯҳҳои ифротиро ёд гиранд, то қурбони зӯроварӣ нашаванд.
Роҳи дигари ба осонӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб шудани ҷавонону наврасони ноогоҳу камтаҷриба “ваъдаҳо” - и бардурӯғи ба даст овардани давлату сарвати бедардимиён маҳсуб меёбад. Роҳи сарватғункунӣ, ки хоҷагону ҳаммаслакони созмонҳои тундрав нишон медиҳанд, оқибат чоҳи бетаг, доми ногаҳонӣ ва худкушист. Дар кишвари мо буданд ҷавононе, ки ҳаводиси кишварҳои гирифтори терроризмро бо чашми сар дида, пас аз бозгашт ба Ватан ва авфи давлату Ҳукумат аз воқеаҳои дидаву шунидаашон нақл карданд. Бо забони ҳол гуфтанд, ки давлату сарвати чунин гурӯҳҳо касро ба сӯйи маргу нобудӣ, хиёнат ба давлату миллат, падару модар, ёру дӯстон бурда мерасонад. Он гоҳ, ба қавли шоир, “пушаймонӣ надорад оқибат суд”!
Ҷавонону наврасон пеш аз он, ки ба сафи чунин гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро пайванданд, бояд андеша кунанд, ки Тоҷикистон дар солҳои 1992 - 1997 дар чӣ гуна вазъият қарор дошт. Гурӯҳҳои мутаассиб ва ифротгарое, ки мисли ДИИШ исломро ниқоб карда буданд, бо иғвои душманони Тоҷикистону тоҷикистониён силоҳ ба даст гирифтанд. Тоҷикистонро байни худу хоҷагони хориҷиашон тақсим карданӣ шуданд. Он вақт ҳам бархе аз ҷавонону наврасон фирефтаи он гурӯҳҳои ифротгаро шуданду силоҳ дар даст бар зидди давлату Ҳукумати конститутсионӣ, бар зидди миллати худ ҷангиданд ва ҳаёти ширину орзуҳои деринаи худро барбод доданд. Ҳазорҳо нафар инсонҳои бегуноҳ, аз дасти гурӯҳҳои ифротгаро кушта шуданд. Он замон халқи тоҷик парокандаву бадбахт ва бе саробон монда буд. 
Аз ин рӯ, ҷавонону наврасони имрӯзаи мо набояд таърихи дирӯзаи худро аз ёд бибаранд. Баръакс, гузаштаро барои ояндаи шукуфон ҳар лаҳза ёд кунанд ва шукронаи имрӯзи осудаву ободро ба ҷо биёранд. 
Воқеан, ин таърихи шуму начандон дури халқи худро ба ин зудӣ фаромӯш кардан ё оқибатҳои онро нодида гирифтан камоли бемаърифатист. Ва тавре таҷрибаи талхи як гурӯҳ ҷавонони навхату ба домафтодаи мо нишон дод, оқибати гумроҳӣ марг аст! 
Замира АБДУСАЛОМЗОДА 

Бознашр аз сомонаи Ҷумҳурият 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-02-2018, 15:22:27 | Диданд: 776