МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҲИЛЛАИ НАВИ КАБИРӢ

ҲИЛЛАИ НАВИ КАБИРӢ

Чанде қабл навиштаи  корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ғафуров зери унвонии «Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд: ё чӣ гуна наҳзатиҳо «аз беамакӣ харро амак гуфтаанд!» дар сомонаи «Хатлон» пеши чашм омад. Хондам, на як бору ду бор. Хулоса кардам: ин сархўрҳо бо роҳбарию роҳнамоии пири тариқаташон раиси ТЭТ ҲНИТ оромие надоранд. Аз ҳеҷ фитнаю найранг, роҳу усулҳои мардумфиреб, сиёҳкорию туҳматофаринӣ дар ҳаққи миллати куҳанбунёди тоҷик даст кашиданӣ нестанд. Баръакс роҳҳои наву ҳиллаҳои нав меҷўян. Танҳо ба хотири ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноку сиёсии худ, манфиатҳои шахсии худу кавму қабилаашон, дигар чизе не.

Агар чунин намебуд генерали зархарид ва ҲНИТ-и пуштибонаш шўру исён мехезонданд, чанд ҷавони шердилу шерпанҷаи тоҷикро шаҳид мекарданд. Хушбахтона, тири ҳасуду ҷоҳхоҳ ҳама вақт хок мехўрад. Бори аввал воқеаҳои хунини солҳои аввали навадум ва баъдан таёрӣ дида, тавакал карданд, вале ба бахти мардуми дуогўи тоҷик, ки талхиро хеле зиёд чашидаанд, ба муродашон нарасиданд. Диданд, ки нашуд думро хода карданд, сўи хоҷагонашон бо дастҳои пеши бар. Шояд аз амали нокомашон бахшишҳо ҳам пурсидаанд. Вале нагуфтанд, ки мардуми Тоҷикистон моро дигар ҳатто дидан намехоҳанд. Қувваи халқ зўр аст. Онҳо худашон дар шикасти мо ҳисса гузоштанд.

Аз ҷони набаромада умед гуфта, ҳоло ҳам домони хоҷагонашонро сар намедиҳанд, илтиҷо мекунанд, пулу зар гадоӣ мекунанд. То рўзгорашонро пеш баранду ҷайби ифлосашонро бо маблағи ҳангуфт лабрез намоянд. Ва ба ин васила барои хоҷагони худ, арбобони худ дунёи нав, дунёеро, ки онҳо мехоҳанд омода намоянд.

Меоем сари «созмон»-и нави «анҷумани озодандешон», ки берун аз марзи Тоҷикистон қарор гирифта, худро «чеҳраҳои шинохта», «озодандеш» ба қалам дода, ҳай воҳима мекунан. Аниқтараш ҳампешагонаш барои шинос кардани ин «чаҳрачаҳо» ҳай лофзанию мадҳгўӣ мекунанд. Вагарна кистанд ин нафарони маъмул, ки то имрўз кассе онҳоро надидаасту намешиносад.

Дар сомона мехонем: Темури Варқӣ, Равшани Темуриён, Аюб Эгамов, Ҳаким Рибимпур. Фикр мекунам агар хешу табор ва ҳампешҳояшон дар симои Кабирӣ онҳоро нашиносад, дар ватани мо дигар барои касе шинос нестанд ин номҳо. Ва анна ҳамин «сарсупурдаҳои» миллат ба қавли Кабирию ҳаммаслаконашон ҷамъомадву «анҷумани озодандешон» таъсис додаанд. Вале дар навишт камее саҳлангорӣ намуданд. Бояд менавиштанд: «анҷумани озорандешон», ки ба хислату тиннати ин мардуми бадзот хеле мувофиқао мекард. Чаро ки кору рафтор ва амали ин тоифа мутлақо озор асту хатарзо. Зеро дар он ҷоее, ки Кабирӣ бо пайравонаш ҷо доранд, умеди некӣ интизор шудан хатост. Ҳеҷ ҷои шубҳае нест, ки ин пешниҳоди Кабиристу дастгирии хоҷагону охундонаш.

          Наҷот Сафарзода

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-02-2018, 07:20:56 | Диданд: 870