Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3935]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 53661
ИФРОТГАРОӢ ХОСИ МИЛЛАТИ ТОҶИК НЕСТ!
Боиси таассуф ва нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст,ки имрӯзҳо бархе аз ҷавонони мо пойбанди арзишҳои мазҳабии бегона гардида, ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам дар муколамаҳои интеретӣ аз афкору ақоид ва таълимоти ифротгароёнаи динӣ пуштибонӣ менамоянд ва бо ин амали хеш фазои ороми динии ҷомеаи моро ноором сохта, ба муҳити солими ҷомеа латма ворид менамоянд. Вақте ба муҳтавои андеша ва услуби суханронии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамоем, ба осонӣ дармеёбем, ки эшон ҳамагӣ ба гирдоби таассубу ҷаҳолати динӣ афтида, ноогоҳона ба доми қаллобону бидъаткорон ва таҳрифгарони дини мубини ислом, ки мехоҳанд бо сӯиистифода аз ислом аҳдофи сиёсии худро амалӣ намоянд, афтодаанд. Ин тоифа воқеан ҳам ҷоҳилу ноогоҳанд, зеро онҳо на танҳо аз аҳдофи сиёсии роҳбаладони хеш ба сабаби маҳдудии дониши сиёсии хеш дар канор мондаанд, балки ба сабаби маҳдудии дониши дунявии хеш дар ҷомеаи озоди мо мақоми сазоворро касб карда натавонистанд. Бинобар ин, аз ноилоҷӣ маълумоти сатҳие доир ба ислом касб намуда, талош меварзанд,ки ақаллан бо сӯиистифода аз дин мақоми иҷтимои худро беҳтар созанд. Ин тоифа ё аз ҳукми ояти «Он чиро, ки туро ба он илм нест, пайравӣ макун» ноогоҳанд, ё огоҳ бошанд ҳам ба сабаби аҳдофи нопоки хеш ҳукми онро нодида мегиранд. Ин тоифаро ноогоҳ ҳисобидани мо иловатан бад-он сабаб аст, ки онҳо аз дарки равандҳои сиёсиву идеологӣ ва маърифатии асри навини ҷомеаи мо хеле қафо мондаанд. Онҳо ба сабаби ҷаҳолати хеш ҳатто намепиндоранд, ки асоси равандҳои сиёсии ҷомеаи моро имрӯз тақсимоти навини ҷаҳон байн абарқудратҳо ташкил менамояду дини ислом бо пайравони мутаассибу ҷоҳилаш танҳо ба сифати воситае баҳри татбиқи аҳдофи нопоки абарқудратҳо хизмат менамояду халос. Пайдоишу интишори падидаи ифроту ифротгароӣ низ дар замони имрӯза ҷузъе аз сиёсати нопоки онҳо дар муносибат ба олами исломи қафомонда маҳсуб меёбад. Дар ин раванд миёнҷиён аз ҳисоби хуҷаинони хориҷии хеш ҳаёти пурайшу тарабро пешаи худ қарор медиҳанду навкарони қатории онҳо аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла кишвари мо ба хотири дарёфти биҳишти китобӣ ба аъмоли ифроту ифротгароӣ даст зада, ҳаёти худу наздикон ва ҳатто аҳли ҷомеаи худро зери хатар мегузоранд. Ҳамаи ин ба он далолат менамоянд, ки ифроту ифротгароӣ барои ҷомеаи мо падидаи нав буда, тавассути қишри зикршуда аз берун ворид шудааст. Яъне, агарчанде дар таърихи ислом равандҳои ифротгароӣ ба мушоҳида мерасанд, лекин падару бобоёни мо дар бораи ифроту ифротгароӣ ҳатто хурдтарин тасаввуроте ҳам надоштанд. Фазои динии ҷомеаи мо на танҳо аз раванди ифротгароӣ, балки аз мафҳумҳои «ифрот»-у «ифротароӣ» комилан холӣ буд. Аз ин нуқтаи назар, падидаи ифротгароӣ барои ҷомеаи мо бидъат ҳисобида шуда, аз халалдор гардидани фазои динии ҷомеа дарак медиҳад.
Ҷои шубҳае нест, ки яке аз сабабҳои ба гирдоби ифротгароӣ афтидани ин иддаи ҷавонон маҳз ноогоҳӣ аз таъриху фарҳанги хеш ба ҳисоб меравад. Маҳз надонистани таъриху фарҳанги ѓании миллати хеш боис гардида, ки тоифаи зикршуда арзишҳои фарҳангии бегонаро чун арзиши олии ҳаётӣ қабул намояду дар баҳогузорӣ ба он ба ифрот роҳ диҳад. Гумон меравад, ки агар тоифаи зикршуда аз таъриху фарҳанги хеш ба сатҳи зарурӣ огоҳ мегардиданд, дар эшон худшиносии миллӣ ташаккул меёфту эҳсоси ифтихор аз фарҳанги миллӣ рушд менамуд ва бад-ин сабаб дар мафкураи эшон монеае тавлид меёфт барои қабули фарҳанги бегона.
Бинобар ин, барои пешгирӣ аз ташаккулу рушди ифротгароии динӣ ва қабули арзишҳои мазҳабии бегона омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги миллӣ хеле муҳим ба ҳисоб рафта, заминаи асосии ташаккули шахсияти ватандӯсту меҳанпараст ба ҳисоб меравад. Омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги миллӣ собит месозад, ки миллати тоҷик моҳиятан башардӯст буда, нисбат ба арзишҳои фарҳангии тамоми миллатҳо эҳтиром мегузорад ва ҳеҷ гоҳ ба равандҳои ифротгароӣ роҳ намедиҳад. Доир ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ сохтан ба суханони Куруши Кабир, ки дар Эъломияи ӯ дарҷ гардидаанду Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи пурмуҳтавои хеш «Густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ дар аҳди Ҳахоманишиён» оварданд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд: «Вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард.Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони Ѓарб хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул ба пойгоҳи ман бӯса заданд.Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад…ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Хамаи худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоеро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном дорад, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам». Пешвои давлату миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон эъломияи мазкурро мавриди омӯзишу таҳлили амиқи илмӣ қарор дода, ба чунин хулосаи воқеан ҳам дақиқу одилона расидаанд: «Ин эъломияи башардӯстона, ки метавон нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва гузашта аз ин эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандони гуногунмиллату мухталифоин шумурд, аз тамаддуни ориёӣ сарманшаъ гирифтааст. Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломия нахустин иқдомест сӯи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути рӯшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард».
Талқини сифатҳои башардӯстона ва канораҷӯӣ аз ҳама гуна ифроту тааддӣ дар васиятҳои Имом Абӯҳанифаи тоҷик ба шогирдонаш васеъ ба чашм мерасанд. Имом ба шогирдаш Холид ибни Юсуф мефармояд: «Ҳангоме ба шаҳри Басра дохил мешавӣ ва бо мухолифини мо рӯбарӯ мегардӣ…,онҳо бо ту мухолифат мекунанд… Онҳо туро гумроҳ ва мубтадиъ мехонанд ва ту онҳоро…Аммо бидон ва огоҳ бош, ки ин тарзи тафаккури дуруст нест, ки инсон бо мардум мадоро накунад…Уламоро таъзим кун, ба бузургсолон эҳтиром бигзор, бо кӯчактарон мулотифат ва нармӣ кун, ба мардуми авом наздик шав, бо бадкорон мадоро кун, бо некон дӯстӣ барқарор намо, ҳокими вақтро кам машумор, ҳеҷ касро таҳқир макун, дар мурувват кӯтоҳӣ манамо, ҳамеша мадоро ва сабру таҳаммул пеша кун, синаи фароху ахлоқи хуш дошта бош, дар таъдиб ва тарбияти онон(зердастон-А.К.) ҷиддӣ бош, дар ин кор аз нармӣистифода кун. Ба ҳама кас хубӣ кун, чи касоне, ки ба тӯ хубӣ мекунанд ва чи ононе, ки бадӣ мекунанд, афв ва гузашт пеша кун. Касе, ки ба ту озор мерасонад, аз ӯ даргузар. Касе, ки дар бораи ту сухани зишт мегӯяд, ту аз ӯ ба ҳусну хубӣ ёд кун.
Имом Абӯҳанифа ба фарзандаш Ҳаммод низ бо мардуми хуб ҳамеша дӯстию муҳаббат пеша кардану бо бадон мадоро карданро тавсия додааст. Ҳамзамсон ӯ таъкид сохтааст, ки писараш бояд ҳеҷгоҳ бо мусулмонон ё кофирон душманӣ накунад.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои неки инсониро пеша намудану аз ҳама гуна аъмоли зишту ифрот канораҷӯӣ намудан шоҳсутуни таълимоти «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсиро ташаккул медиҳад. Ҳаким Фирдавсӣ сиришти неки ниёгони моро аз забони Рустам ба шакли зер бисёр зебо ва муассир баён намудааст:
Таҳамтан бад-ӯ гуфт, ки эй шаҳриёр,
Дилатро бад-ин кор ѓамгин мадор.
Касе к-ӯ оштӣ ҷӯяду суру базм,
На неку бувад пеш рафтан ба разм.
Аъмолу афкор ва тавсияҳои бузургони миллати тоҷик аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки барои миллати тоҷик ифроту ифротгароӣ ҳеҷ гоҳ хос набуд. Бинобар ин, ба созмону иттиҳодияҳои ифротию тундгаро пайвастани иддае аз ҷавонони тоҷик маҳсули сатҳи пасти маърифати сиёсию заъифии худшиносии миллӣ ва ноогоҳии динии эшон ба ҳисоб меравад, ки ахиран бидуни шак бо пушаймонӣ анҷом хоҳад ёфт. Аз нигоҳи ин ҷониб, суханони зерини ҳакимона ва илман асосноки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати таҷлили ҷашни Имоми Аъзам гуфта шудаанд, беҳтарин ҷамъбаст ва олитарин хулоса дар мавзӯи «Ифротгароӣ барои миллати тоҷик хос нест!» ба ҳисоб мераванд: «Тоҷикон, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ бисёр давраҳои печидаву мушкилро пушти сар кардаанд, дар ҳамаи давру замон аз таҳаммулгароӣ ва маслиҳату муколама кор гирифта, борҳо собит сохтаанд, ки бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоту низоъҳо ва ба ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбиниву ақидаҳои мухталиф метавонад на танҳо сабабгори фасоди ахлоқ ва халалдор гардидани фарҳангу тамаддунҳо, балки шикасти давлатҳо низ гардад» (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. саҳ.185).
Кароматуллоҳ Абдулҳаев
Бознашр аз сомонаи http://din.tj/?q=node/875
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-05-2018, 06:55:02 | Диданд: 975