ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10681]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6473]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6388]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5328]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4762]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4623]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4617]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4588]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4216]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
3. НОМУСБОХТА
4. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
6. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
7. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
8. АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ҶОНФИДОИҲОИ СОҲИБВАТАНОН.
9. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Омор
- Хабархо: 2454
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 102792
ЭҲТИЁТ АЗ “БАРОДАР”
Вақеан, асри 21 бо вуҷуди пешравиҳои технологияш ба ҷомеаи башар мушкилотҳои гушношунидро овард, ки тамоми мардуми сайёра аз он ранҷ мебаранд. Ин мушкилиҳо дар шаклҳои гуногун “нарму” “шиддатнок” зуҳур карда, дар рагу хуни миллатҳо ҷорӣ шудааст. Мутаассифона, ин ҷараёнҳо аз ҷониби кишварҳое роҳандозӣ мегардад, ки мардум онҳоро “кишварҳои исломӣ” медонанд. Яке аз пешоҳангони паҳнкунандаи ин вабои аср Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад, ки аз ҳамзабонии миллати мардуми шарифи мо-тоҷикистониён сӯистифода намуда, аз рӯзҳои нахустини Истиқлолият худро ҳамчун “дӯсти меҳрубон” нишон дода, “кумакҳои беғаразона” пешкаш намуд. Аммо мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо – нияту ғаразҳои нопоки онҳоро фаҳмида, аз рӯи шиори “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” кор карда, чеҳраи воқеии онҳоро ба ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳон шиносонд.
Кишвари Эрон аз вазъияти иқтисодиву иҷтимоии баамаломада сӯистифода намуда, равия ва ҷараёнҳои динӣ-мазҳабии барои мардуми мо бегона ва хатарнокро вориди кишварамон намуд, ки имрӯз обрӯи ин миллати пурифтихорро мерезонанд. Эрон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёри кишваҳои мусулмонӣ гурӯҳҳои мазҳабӣ-террористиро таъсис дода маблағгузорӣ менамояд, ки ҳузури мардуми осоиштаро аз байн бурда, онҳоро сараону саргардон менамояд.
Аз ин рӯ, аз мардуми тоҷик ба таври хос ва умуман мусулмонони ҷаҳон бояд ҳарчи бештар ҳушёру зирак бошанд, то фирефтаи дурӯғҳои ин гуна “бародарон” нашаванд ва оромии кишвару миллати худро халалдор насозанд.
Иброҳим Хайруллоев,
сардори шуъбаи илми Донишкадаи исломии Тоҷикистон
бознашр аз сомонаи http://din.tj/?q=node/876
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-05-2018, 06:57:50 | Диданд: 811