МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИСЛОМ ИФРОТ НЕСТ

ИСЛОМ ИФРОТ НЕСТ

Натиҷаи таҷриба ва мушоҳидаҳои донишмандони ислом собит месозад, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо, ки тамоми шароит фароҳам асту мардум озодона зиндагӣ доранд, ташкили аҳзоби сиёсии динӣ зарурат надорад. Зеро дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 1300 сол мешавад, ки мардуми мусалмон бе ягон олудасозии ислом ба сиёсат ҳаёти динии худро пеш бурда, ҳатто дар 70 соли Ҳукумати Шӯравӣ, ки идеологияи ҳоким ҳизби коммунист буд, миллати тоҷик дини худро аз даст надод.

Дар айни замон бошад, беш аз 99%-и аҳолии кишвар мусалмон мебошанд, ки таҳти калимаи тавҳиди илоҳӣ, шариати набавӣ ва пайрави мазҳаби таҳамулгарои Имоми Аъзам қадам мебардоранд. Дини ислом усули таҳаммул ва зиндагии осоиштаро тақозо дорад. Фарҳанги исломӣ аз рӯзи аввал мардумро хусусан дар ҷазиратулараб аз тафриқаю ҷангу ҷидолҳои қабилавӣ ба сулҳу оромӣ ва муттаҳидӣ бе ягон ҳизбу ҳаракат оварда расонд ва ислом назаран ва амалан ба ягон ҳизб эҳтиёҷ ҳам надорад. Ислом дини ислоҳотхоҳ, адолатпеша буда, олами башарро ба сарҷаъмӣ даъват менамояд, на ба ҷудоӣ ва гурӯҳбандӣ, ки аз онҳо бӯи ғаразҳои ифротгароӣ ба машом мерасад.

Мафҳуми ҳизб ё азҳоби сиёсӣ дар ин айём гурӯҳи муайяни одамонро дар бар мегирад, ки мақсади онҳо ба тариқи таблиғи ҳадафмандона ба даст овардани ҳокимият мебошад. Бар ин гуфтаҳо Афғонистони ҳамсоя мисол шуда метавонад, ки ба гуфти сиёсатшиносон ва муҳаққиқон дар ин ҷо тақрибан 12 ҳизб амал мекунад, ки ҳамаи онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ мубориза мебаранд, дар натиҷа муддати 30 аст, ки оташи ҷанг хомушӣ надорад. Мардуми бегуноҳ баъзе ҳалок, баъзе бехонаю сарпаноҳ ва қисми дигар бошанд, иҷборан тарки Ватан мекунанд.

Бояд дар назар дошт, ки бемазҳабӣ ё бисёрмазҳабӣ ва эҷоди ихтилофоту фитна аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки боиси ба гурӯҳҳо ҷудо шудани мусалмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳо мегардад. Таассубу нодонӣ, ихтилофҳои бемаънӣ, дур будан аз фарҳанги асили динӣ сабаб мешавад, ки дар ҷомеа андешаи тундгароию ифротгароӣ замина ба вуҷуд орад. Бархе аз ҷавонони имрӯза, ки мутаассифона на аз дониши динӣ бархӯрдоранд ва на аз маърифати истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ баҳра бурдаанд, итминон ва бовариашонро нисбат ба мазҳаби Имоми Аъзам, ки аз зумраи тобеин ба шумор меравад, коста гардонида, дунболагири ҷараёнҳои ифротӣ мешаванд.

Имрӯз роҳи ягонаи пешгирии ифротгароию тундгароӣ  дар ҷомеаи муосири кишвар ва ҳифз кардани ҷавонон аз ин вабои маънавӣ баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии онҳост.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷараёнҳои ифротӣ ба монанди “Ҳизбу таҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “Ҷундуллоҳ”, “Ал-қоида”, “Салафия”, “Ваҳҳобия” ва “ТЭТ ҲНИТ” ҷиҳати татбиқи ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломӣ истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, чаҳор имоми аҳли суннат ва ҷамоат, ки сарманшаи шариати исломӣ қарор гирифтаанду (Ҳанафӣ, Шофеӣ, Молиқӣ ва Ҳанбалӣ) ба ҳеҷ ваҳҷ худро аз гурӯҳҳои бидъаткор наномидаанд ва якдигарро барои надоштани гароиш ба хавориҷ ва Ваҳҳобия муттаҳам накарданд, эҳтиром гузорем.

Хулосаро мехоҳам бо таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баён кунам, ки фармудааст: “Бори дигар хотирасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи ақидаҳои бебунёди ифротгароӣ нашавад”.

Акрамов Н., Пиров Н.,

устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон 

бознашр аз http://din.tj/?q=node/910  

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-06-2018, 12:10:24 | Диданд: 724