МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

АҲЛИ ЗИЁ. МАСЪУЛИ МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

АҲЛИ ЗИЁ. МАСЪУЛИ МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

Ҳаёти сиёсию иқтисодии асри XXI – ин пешрафту рушду нумӯи бемайлони илмӣ - техникӣ ва ҷаҳонишавии тамаддунҳо мебошад. Инкишоф, яъне тараққии босуръати илму техника, аз ҷумла нанотехнология, бояд ба беҳшавии муносибатҳои дӯстонаи мардумони қавму халқияту миллатҳои гуногунзабону гуногунфарҳангу гуногунмазҳаби сайёра ва таъмини зиндагии шоиставу осуда мусоидат кунад. Вале, мутаассифона, тамоюли бисёр ғамангезу пурхатари гаравидани бархе аз аъзои ҷомеаи башарӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ба ҷараёну ҳаракату гурӯҳҳои террористию моҷароҷӯй торафт вусъати бештар касб менамояд.

Ин зуҳуроти номатлуб, ки дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби давлатҳои абарқудрати Ғарб идора карда мешавад, аз он ваҷҳ бештар ҳушдордиҳанда ва нигаронсоз мебошад, ки қисмати зиёди шаҳрвандони мамолики мусалмоннишин ва давлатҳои исломиро фаро гирифтааст. 
Ҳамин ҷанбаи терроризм ва экстремизм дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён гардидааст: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».
Созмонҳои террористии «Ал-Қоида», «Толибон» «Ҷабҳат-ан-нусра» аз аввалин гурӯҳҳои террористие мебошанд, ки тибқи нақшаи абарқудратон зери ниқоби ислому мусалмонӣ ташкил ёфтанд ва сабабгори хунрезиву ҷангу  ҷидолҳо гардидаанд. Идомадиҳандаи роҳи онҳо созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошад, ки дар тундгароӣ ва терроризми динӣ ҳамчун вабои замон муаррифӣ гашт.
Гумоштагони хоҷагони хориҷӣ бо роҳу воситаҳои мухталифи фанду фиребу гӯлзанӣ, ташвиқу тарғиб ва ҷалбсозӣ (вербовка), зархаридӣ ва бо ваъдаи шаҳидшавӣ дар роҳи ҷиҳоду ҳаёти хушу хуррамона дар он дунё ва амсоли инҳо бархе аз наврасону ҷавонон ва низ занону духтарони аз ҷиҳати шуурнокии сиёсӣ камолнаёфта ва фирефтаи ақидаҳои хурофотӣ гаштаро хеле ба осонӣ ба гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ ҷалб месозанд.  Пайравии ҷавонон ба ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки норасоии маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. 
Албатта, ин раванд қисмати солимандеш ва рӯшанфикри ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ дар бештари мамолики Шарқи Наздики ба ин балоҳо гирифторшуда торафт пурзӯру босамартар шуда истодааст. 
Дар ин мубориза ва дар пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳу ҷараёнҳои моҷароҷӯю даҳшатангез танҳо фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ кифоя нест. Имрӯз зарурияте пеш омада, ки табақаи аз ҷиҳати шуурнокӣ ва савод пешқадами ҷомеа - зиёиён бетарафу дар канор набошанд. 
Дар давлати мо низ гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва шахсони ба носолимии ҷомеа манфиатдор бо дастгирии хадамоти махсуси хориҷӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба сафҳои хеш ҷиҳати амалисозии мақсаду ниятҳои нопокашон ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротгароёнаву тундравона бо сарфи маблағҳои калон аз имконоти шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, техникаву технологияҳои муосир, махсусан аз шабакаи интернет ба таври васеъ ва ҳамаҷониба истифода менамоянд. 
Аз ин рӯ, аҳли зиёро лозим ва зарур аст, ки дар ин марҳилаи муҳиму мураккаб ва тақдирсози ҳаёти ҷомеа ҷиҳати босамар гардондани раванди пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳу ҷараёнҳои террористӣ ва моҷароҷӯю тундрав бештар кӯшиш намоянд. Барои дар мафкураи онҳо роҳ надодани ақидаҳои носолиму ифротгароёна, рушди илму фарҳанг ташаббусу фаъолнокии бештару самаранок зоҳир созанд ва дар ин кор аз имконоти техникаву технологияҳои муосир дастаҷамъона истифода кунанд.
Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ - сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ мебошад.
Ин вазифаи пурмасъулият пеш аз ҳама ба зиммаи мо - омӯзгорон вогузор шудааст. 
Файзуллохӯҷа АМИРОВ, 
устоди Донишгоҳи   давлатии Кӯлоб ба  номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

бознашр http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=34060

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-06-2018, 12:23:09 | Диданд: 750