МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ БО МАҚСАДИ АМАЛИЁТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ БО МАҚСАДИ АМАЛИЁТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон.

Солҳои ахир мо ба воситаи телевизиону радио, матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетӣ бо вожаҳои терроризм, экстремизм ва радикализм бештар вомехӯрем, ки дар баробари хондану шунидани онҳо касро тарсу ваҳм ва даҳшату ҳарос фаро мегирад. ЧАРО? Чунки ин вожаҳо ҳокӣ аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи башариеанд, ки ба нобудиву нестӣ бурдани ҳаёти осоиштаи мардум, фарҳангу тамаддунҳо, миллату давлатҳо, махсусан давлатҳои миллӣ ва зери шиканҷаву зулумот бурдани ҳаёти рангини инсоният аст. Мутаассифона, дар бештар ҳолатҳо ба вожаҳои мазкур калимаи «ИСЛОМӢ» ҳамроҳ карда мешавад (терроризм, экстремизм ва радикализми исломӣ), ки ба исломи ноб рабте надошта, танҳо ба бадном кардани он оварда мерасонад.

ИСЛОМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Агар ба дини ислом назар намоем, мебинем, ки ислом ба чунин падидаҳои номатлуб комилан зид буда, ҳамеша онро зери тозиёнаи танқид гирифтааст: «Дар дин ҷабр кардан (раво) нест» гуфтааст Худованд дар ояти 256-уми сураи «Бақара». Агар ба ояти мазкур диққат карда шавад, маълум мегардад, ки маҷбурсозӣ, шиканҷа, қатлу ғорат, тахрибкорӣ ва махсусан «ҶИҲОД»-и имрӯзаи гурӯҳҳо, аҳзоб ва созмону ҳаракатҳои ба ном «исломӣ», ки шиори меҳварии онҳост, фитна ва роҳи ғалат буда, ҳеҷ иртиботе ба дини ислом надорад. Зеро ҳамаи мо суханони Пайғамбари ислом – Муҳаммад (с) дар  бораи «беҳтарин ҷиҳод–ҷиҳоди нафс» ва «хидмати падару модар ҷиҳод дар роҳи Худованд»-ро медонем. Ва ҷое дигар Худованд аз забони Пайғамбараш дар мавриди муносибати ислом бо дигар динҳо низ фармудааст: «Шуморост дини шумо ва маро – дини ман» (Сураи “Кофирун”, ояти 6).

«Аз ин рӯқобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард» – фармуда буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш соли 2011 дар «Иҷлосияи байналмилалии мубориза бо терроризм».

Бо вуҷуди фармудаҳои Қуръону ҳадис ва таъкидҳои Пешвои миллат дар қаламрави ҷумҳурӣ афроде ҳанӯз ҳам пайдо мешаванд, ки ба ҳар гуна созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда шомил гардида, номи ИСЛОМ, ВАТАН ва ДАВЛАТ-ро доғдор мекунанд. Дар тӯли қариб се даҳсолаи ахир «ҳашара»-ҳоинаҳси террористию ифротгароӣ, ки лонаҳояшон дар хориҷ аз кишваранд, дар кишвари азизамон сар халонида, бо ба дом афтонидани иддае аз ҷавонони роҳгумкардаи тоҷик вазъи кишварро то андозае ноором сохтанд. Ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-умро ҳама дар ёд дорад, ки чи гуна бо майдонсозиву аз номи ислом истифода бурдани бунёдгузорони ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати исломӣ садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишвар қурбонии ин дасиса шуда, садҳо ҳазори дигар гурезаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаштанд. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад... «Моро ҳам доираҳои муайяни манфиатдор дар вақташ бо сӯиистифодаи дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ карда буданд. Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз  бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд» таъкид карданд Пешвои миллат 12.05.2018 дар суханронии хеш ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон.

Ҳарчанд созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистие, ки ҳадафҳою ғаразҳои палидашонро зери ниқоби ислом пӯшиш медиҳанд, то андозае фаъолияти хешро дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монданӣ шуда бошанд ҳам, хушбахтона, талошу заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти қудратии кишвар (ВКД ҶТ ва КДАМ ҶТ) буд, ки созмону гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуда, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шуданд. Созмону гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ дар шумори зеранд: ҲНИТ («Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон»), ДИИШ («Давлати исломии Ироқу Шом»), ҲИТШ («Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ»), «Ҳизбу-т-таҳрир», «Алқоида», ҲИТ ё ҲИӮ («Ҳизби исломии Туркистон» ё «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»), «Ҳаракати толибон», «Ихвон-ул-муслимин», «Лашкари тайиба», ҶИП («Ҷамоъати исломии Покистон»), «Ҷамъияти таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Созмони таблиғот» («Даъват ба Ислом»), «Тоҷикистони озод», «Гурӯҳи 24», «Салафия», «Ҷабҳату-н-нусра» ва ғайра.

 

ИНТЕРНЕТ – ОМИЛИ ГУМРОҲСОЗИИ ҶАВОНОН

Омилҳо ва ангезаҳои гароиши ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муҳаққиқону таҳлилгарони масоили динӣ-сиёсӣ шарҳ медиҳанд, ки интернет, муҳоҷирати меҳнатӣ, камбизоатӣ, камдонишӣ, надоштани ҳувияти миллӣ, шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ ва ғайра мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад».

Дар ин миён нақши ИНТЕРНЕТ дар ҷалбсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ назаррастар аст. Чунки, созмон, гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистии аз номи ислом баромадкунанда дар даҳ соли ахир дар ИНТЕРНЕТ (сомонаҳо, блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо) дар пешбурди фаъолиятҳои террористию экстремистии хеш ба «муваффақиятҳои чашмрас»-е ноил гаштаанд.

Тибқи таҳлилу гузоришҳо махсусияти ИНТЕРНЕТ дар ҷалби ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияи ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳад ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонони аз сини 14 то 20-сола, махсусан, хонандагони макотиби та

© 2024 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ