Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3936]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 53692
МАЗҲАБРО ПОКИЗА НИГАҲ БОЯД ДОШТ
Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 21-мин солгарди Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Конибодом аз истиқрори сулҳу тоҷикон ёдовар шуда, иброз намуданд, ки мо созишномаи сулҳро бо ИНОТ имзо намудем, на ба ҲНИ. Фаъолияти ҳар як ҳизбу ҳарактро таърих баҳогузорӣ мекунад. Дар мардум як мақоле ҳаст «Саломи дӯстон бе тамаъ нест». Аммо мутаассифона, ин ҳизбу ҳаракатҳо дини мубини исломро барои худ шиор қарор дода, онро сиёсӣ мегардонанд. Худованди мутаъол дар ин боб аз рӯзгорони пайғамбаронаш мефармояд: “Батаҳқиқ дар рӯзгорони фиристодаҳои Худо рафтори ибратбахше ҳаст аз барои шахсе, ки имон ба Худо ва рӯзи қиёмат дорад”. Аз ин ояи муборак бармеояд, ки Худованд расулонашро ба хотири даъвати мардум ва ваҳдонияту ягонагии Худованд ва ибодати ӯ офаридааст на барои чизи дигаре. Пайѓамбар (с) бошад, дар ҳадисе мефармоянд: “Маро Худованд барои комил кардани рафтори неки мардумон фиристодааст”.
Аммо имрӯзҳо дида истодаем, ки мазҳабфурӯшон заррае ҳам андеша намекунанд, ки гузаштагонашон дорои як мазҳаби пок буданд. Ҳамаи онро пушти сар гузошта, дар баробари дигар давлатҳо дар Ҷумҳурии мову шумо ҳам ҳизберо бо номи дини мубини ислом фаъол намуданд. Ҳол он ки Худованди мутаъол бабандагонаш аз ин гуна ҳизбгароиҳо ҳушдор дода мефармояд: “Аз зумраи он бандагоне набошед, ки динашонро пора-пора кардаанд ва ҳар яке бар онанд, ки ин бартарият аз гурӯҳи мост”. Аз ин ояи қуръонӣ бармеояд, ки ҳамаи ихтилофҳо аз гурӯҳбозӣ оғоз мешавад. Ҳол он ки дин ақида аст, на моли ягон гурӯҳ. Пайғамбари Худо дар ҳадисе мефармояд: “Уммати ман ба гумроҳӣ ҷамъ карда намешаванд, пас ҳар гоҳе ихтилоферо бубинед, шумо ба гурӯҳи донишмандон рӯ оред”. Тааҷҷубовар ин аст, ки ин ҳизб аз номи дин ва мазҳаб баромад мекард ва бо гузашти солҳо бошад, дину мазҳаберо, ки гузаштагон доштанд, пушти сар гузошта, мазҳаби бегонаро болои мардум бор кунониданӣ шуд. Ҳеҷ як ќавму миллате, ки дорои дину мазҳаби ҳазорсола бошад, дарҳол фирефта намешавад. Аммо ҲНИ хост бо роҳи тақия, ки яке аз роҳҳои мазҳаби ташайюъ аст, ақидаи хешро болои мардум бор кунонад. Вақте ин ҳизб номнавис дар арсаи ҳизбҳои сиёсӣ гардид, ғояи инқилоби исломӣ ва шиагароиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуд. Зеро худашонро зархаридони ин мазҳаб карда буданд. Гумони инҳо ин буд, ки ҳеҷ кас садди роҳ эшон шуда наметавонад. Аммо хушбахтона ин пинҳонкориҳои эшон ошкор гашт. Аз ин рӯ, мову шумо бояд чеҳраҳои ин ҳизбро ба мардум нишон бидиҳем. Ташкилоти террористии ҲНИ аз эътиқоди мардум суиистифода намуда, бо Ҷумҳурии исломии Эрон забон як намуд, аз онҳо маблағҳои ҳангуфт мегирифтанд. Тибқи супориши хоҷагонаш амал намуда, ба нобуд кардани шахсони намоёни фарҳангӣ ва динни оғоз кард. Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Академик Муҳаммад Осимӣ ва аввалин муфтии мусулмонони Тоҷикистон Фатҳулохон Шарифзода ҳадафи эшон қарор гирифтанд.
Новобаста аз ҳамаи хиёнату разолатҳояш ТЭТ ҲНИ ҳар лаҳза метавонад барои кишвари мо, ҷомеаи мо, шаҳру деҳаи мо ва ниҳоятан оилаи мо хатарбор бошад. Аз ин лиҳоз, месазад, ҳамеша бедорию ҳушёриро аз даст надода, атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ бошем.
Иброҳим Маҳмудов,
сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/941
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-07-2018, 07:40:04 | Диданд: 708