МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

СИМОИ ТЭТ ҲНИ НАЗДИ УЛАМОИ ОЛАМИ ИСЛОМ

СИМОИ ТЭТ ҲНИ НАЗДИ УЛАМОИ ОЛАМИ ИСЛОМ

Дар ошкор кардани симои воқеӣ ва шиносонидани душмани миллат барои тамоми қишри ҷомеа ва алалхусус барои ҷавонон имрӯзҳо тамоми уламои зиндадили миллат кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то ҷавонон зери таъсири манфии тундгароии ТЭТ ҲНИ намонанд ва роҳи рости зиндагиро ёфта бошанд ва зидди миллату мазҳаб қадам назананд, ки оқибати он фақат пушаймоние аст, ки бо гузашти муддате дигаре суде надорад. Тамоми уламои мазҳабӣ бо даст додани фурсат ҳамеша барои мардуми омма дар масъалаи аз номи ислом баромад кардани ташкилотҳои ифротӣ сухан мекунанд ва то ҷое мардумро аз фитнаву амалҳои зиддимилливу зиддимазҳабии ТЭТ ҲНИ ва дигар ташкилоту ҳизбҳои дар қаламравии ҷумҳуриамон мамнуъбуда огоҳ мекунанд, то қадаме пас ба мусибату пушаймонӣ рӯбарӯ нашаванд. Худованди меҳрубон як ихтиёри ҷузъиеро ба дасти банда ниҳода, ки ҳаёти худро ба саодатмандиву некӣ бурда бошад ва аз бадиҳо дур бошад ва бояд инсони солиму солеҳ ҳамеша урфу одат ва анъанаҳои миллиро риоя кунад ва бо мардум бошаду ба ҷомеа нафъовару фоидарасон ва мардум аз ӯ зарару зиёне набинанд ва дар акси он сазои амалҳои баҷоовардаи банда ба худи ӯ бозмегардад, чунончи дар ин маънӣ бузургони миллат фармудаанд:

Эй кӣ ҳукми шаръро рад мекунӣ,

Роҳи ботил меравӣ, бад мекунӣ.

Чун ту бад кардӣ бадӣ ёбӣ ҷазо,

Пас бадиҳо ҷумла бо худ кардаӣ.

Ҷидду ҷаҳд ва талошу кӯшишҳои Раиси маркази исломии ҷумҳурии азизамон дар огоҳ кардан ва шиносонидани душмани миллат ТЭТ ҲНИ, дар хориҷи кишвар бо ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ва инчунин бо тоҷикони бурунмарзӣ шоёни таҳсин асту қабули ҳамагон буда, дар ин маънӣ  огоҳ кардани уммати ислом ва ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад, ки ин ҷидду ҷаҳд ва кӯшиши ниҳоят бобароре дар шинохти душманони ислому инсоният буда, дар охир меваи ширини худро дод. Чунончӣ аз тариқи васоити ахбори омма огаҳ ҳастем, дар моҳи октябр дар ҷумҳурии Арабии Миср Конференсияи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии 73 кишвари ҷаҳон бо донишмандони соҳа, муфтиҳо ва намояндагони баландпояи масъул ширкат доштанд ва дар он ташкилоти “Ихвон – ул – муслимин”  ва дастпарвари он ва шохаи дар Осиё будаи он ТЭТ ҲНИ ва дигар ҳизбу равия ва ташкилотҳое, ки дар атрофи “дин” ҷамъ гардидаанду дар миёни уммати ислом тухми ҷудиро кошта истодаанд, бо як овоз ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани башарият хонданд.

Нурулло Ҳидоятов,

ходими дин

Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/1228

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-11-2018, 07:40:22 | Диданд: 431