МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАБОЯД ДОД

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАБОЯД ДОД

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз камназиртарин мантиқест, ки бо лаъли гаронбаҳояш шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Мардуми шарифи ин вилоят аз ибтидо ҳамчун мардуми созанда, бунёдкор ва илмдӯст дар тамоми манотиқи кишвар мақоми хоссае доранд. Мутаассифона, чунин мардуми зираку доноро баъзе афроди ҳасуду кинавар барои ғаразҳои шахсии худ истифода бурдаанд. Вақтҳои охир хостанд, ки ин падидаро бори дигар такрор кунанд. Аммо ақли солим ғалаба кард, чунонки аз ВАО ҳамаи мардум бо чашми сар диданд, ҷавонони бадахшонӣ бо шиори «Мо пайрави пешвои миллатем!» роҳпаймоӣ карданд. Ана ин ақлу хирад ва нишони зиракии сиёсӣ аст.

Ҳар фарди солимфикри ҷомеа дар шароити феълӣ ба хубӣ дарк мекунад, ки бо роҳи зӯрӣ ва гирдиҳамоиҳои беиҷозату бемаънӣ на кишвар обод мешавад, на фарде ба мақсад мерасад. Илова бар ин, Ҳукумати кишвар барои сулҳу субот ва амнияти мардум ва кишвар тамоми чораҳоро андешида истодааст. Ин тасмими сиёсати кишварро набояд бо ғараз қабул кард, зеро Сарвари ягон кишвар намехоҳад, ки ватанаш, миллаташ ва мардумаш дар арсаи байналмилалӣ дар пеши аҷнабиён хору залил ва мавриди ишора қарор гиранд. Ҳадафи Пешвои миллати мо ҳам пеш аз ҳама чун як кишвари мутараққиву аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва дорои мардуми меҳмоннавозу сулҳпарвар муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз мебошад.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

муаллими калони Донишкадаи исломии  Тоҷикистон

Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/1227

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-11-2018, 07:45:19 | Диданд: 409