МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Экстремизми падидаи номатлуб

Экстремизми падидаи  номатлуб

Экстремизми падидаи номатлуб Дар вазъияти кунунӣ густариши босуръати равандҳои ҷаҳонишави дар дунё баамалоянда боиси сар задани як қатор хатарҳои ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили бӯҳрони экологӣ, шиддат гирифтани низоъҳои этникӣ, проблемаҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ аз қабили экстремизм мегардад. Яке аз падидаҳои нохуш ва хатарнок дар шароити имрӯза масъалаи ифротгароӣ яъне экстремизм буда, давраи инкишоф ва таҳрик ёфтани он бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ болоравии андешаҳои динӣ оғоз гардида, тадриҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани бархе аз ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои тундгарои динӣ, ба монанди “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҳизби Таҳрир”, “Салафия”, ки ҳар кадоми онҳо нақшаҳо ва ғаразҳои барои арзишҳои миллию давлатӣ ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан бегона ва мухолифро думболагирӣ мекарданд, сабабгор шуданд. Зери таъсири сиёсати “бозсозӣ” ва демократикунонӣ дар ҷомеа бозандешии арзишҳои миллӣ ва эътиқодӣ дар байни пайравони ҳамаи динҳои амалкунандаи ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ривоҷи бесобиқа пайдо кард. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси террроризм ва ифротгароии динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, дар айни замон барои ҳар як кишвари миллӣ дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз тариқи ташаккули худшиносии миллӣ мушкилот эҷод менамояд. Маҳз ифротгароӣ хоси он қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошад, ки вазъи ҳаёти сиёсию ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар ноором карда, барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва инкишофи ниҳодҳои демократии кишварҳои соҳибистиқлолро халалдор сохта, онҳоро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад. Ифротгароӣ дар шароити ҳозира бо назардошти дигаргуниҳои баамалояндаи глобалӣ ва минтақавӣ зуҳуроти қатъии сиёсат ва идеология дар ҷомеа ва давлат мебошад. Он дар сатҳи шахсият зуҳури ғояҳо, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ зуҳури сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа зуҳури идеологӣ аст. Тӯли даҳсолаҳои охир чунин ҷараёнҳои ифротгароӣ, ки бо равияҳои динӣ алоқаманданд, беш аз пеш паҳн мегарданд. Воқеаҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки дар марҳалаи ҳозира хавфи бештареро на ифротгароии оддӣ, балки ифротгароии динӣ ба вуҷуд меорад. Вай аз дигар шаклҳои ифротгароӣ бо он фарқ мекунад, ки ба дигаргунсозии зӯроваронаи сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат нигаронида шуда, дар ин маврид таълимот ва рамзҳои диниро чун омили муҳими ҷалбсозии одамон истифода мекунад ва онҳоро ба муборизаи оштинопазир сафарбар менамояд. Ташакулдиҳандагони асосии ифротгароии динӣ шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои сиёсие мебошанд, ки зери ниқоби ислом баромад намуда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷавононро дар роҳи ифротгароию хурофотпарастӣ, бадахлоқию ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зишту харобкорона заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи худ шарҳ медиҳанд. Дар фаъолияти худ ин гурӯҳҳои ифротӣ ба муқобили ҳама гуна озодиҳои фардӣ, ҷаҳонбинӣ ва таҳаммулпазирӣ дар миёни мусулмонон зуҳур карда, танҳо андешаҳои динии худро ҳақиқат мешуморанд. Маърифати исломии шаҳрвандон бояд пеш аз ҳама ба рушди худшиносӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон нигаронида шавад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки миллати тоҷик дорои дину фарҳанг ва пешвоёни поктинату соҳибмазҳаб буда, ба ягон ҳизб ва фарҳангу мазҳабҳои бегона эҳтиёҷ надорад. Бинобар ин моро зарур мебошад, ки танҳо итоат ва тақлид намудан ба амру ҳидоятҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пайравӣ намудан ба роҳу равиш ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва иҷтиноб варзидан аз ҳар гуна равияҳои ифротӣ дода мешавад, пайравӣ намоем. Сармутахассиси шӯъба: САТТОРОВА Шабнам

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-01-2023, 13:18:37 | Диданд: 145