ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-5040]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-4501]
3. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-3177]
4. РУШДИ МАОРИФ [диданд-2819]
5. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-2814]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-2759]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-2736]
9. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-2639]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-2423]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Обу хаво
Хабархои навтарин
1. Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон
3. ТАЗОЊУРОТ ДАР ОЛМОН. БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД. ЯК БАД НАКУНАД ТО БА ХУДАШ САД НАРАСАД.
4. Фитнагарони ватанфур ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ҳеҷ гоҳ ваҳдату ягонагиро намехоҳанд.
5. ҶАВОНОН ФИРЕФТАИ ДАСИСАБОЗОН НАХОҲАНД ШУД.
7. Сарчашмаҳои маблағгузории Ҳаракати Толибон* (2001-2021)
8. ҲНИ БО РОҲИ ФИРЕБУ ДАСИССА МЕХОҲАД ТАРАФДОРОНИ ХУДРО ЗИЁД НАМОЯД,
Омор
- Хабархо: 2183
- Расмхо: 38
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 35519
Ҷинояткорон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд...

Ҷинояткорон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд... Вокуниш: Дар ҳар як давру замон қувваҳои бадхоҳ оқибат шикаст мехӯрад. Ба ин мисол шуда метавонад яке аз бадхоҳони миллат, ки вақтҳои охир зиёд кӯшиш кард то оромию сулҳу суботи миллатро халалдор созад, миёни мардуми осоиштаи тоҷик ҷангу низоъ андозад, ҷавононро ба гумроҳиву бадкирдорӣ барад, шахси бадкору ба хоҷагони хориҷи фурӯхташуда Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич мебошад, ки санаи 22.05.2022 бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилии ҷинояткорон ба ҳалокат расид. Ин шахс саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба ҳисоб рафта, даст ба як қатор ҷиноятҳои вазнин задааст, ки амалҳо ва ҷиноятҳои кардаи ӯ нобахшиданист. Барои ба даст овардани маблағ бетартибиҳои оммавиро дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он ташкил карда, бо истифода аз силоҳ ва лавозимотҳои ҷангӣ осоиштагии мардумро халалдор намудааст ва ҷавони гумроҳу заифро дар атрофи худ ҷамъ карда, ғояҳои ҷиноятиро дар мафкураи онҳо ҷой кардааст. Аммо дар урфият мегӯянд, ки “Чоҳкан зери чоҳ”. Ин гуфтаҳо ҳақ асту рост. Шахсе, ки дар дил кинаву адоватро мепарварад, доимо дар пайи нафсу ҳаваси худ аст, шахсе, ки дар фикри ба даст овардани маблағ ва онро ба ҷои баҳри ободии давлату миллат сарф кардан, баръакс ба несту нобуд сохтани он сарф мекунад, ба ҷои ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ тарбия кардан, баръакс ба ҷинояткорӣ талқин менамояд, шахсе, ки ба ҷои саҳм гузоштан дар ободиву осоиштагӣ ва пойдории сулҳу субот, баръакс осоиштагии давлату миллат ва осоиштагии ҳаммиллатони хешро халалдор месозад оқибат ба ҷоҳ меафтад. Ҳамдиёрони азиз биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонем, инчунин баҳри пойдории сулҳу суботи он сидқан талош намоему, беш аз ҳар вақта дида ҳушёру зийрак бошему ба дурӯғҳои хиёнаткорону бадхоҳони миллат дода нашавем. Сафар Ҳ.Р., вакили ноҳиявӣ.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-01-2023, 13:39:01 | Диданд: 43