МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҲНИ БО РОҲИ ФИРЕБУ ДАСИССА МЕХОҲАД ТАРАФДОРОНИ ХУДРО ЗИЁД НАМОЯД,

ҲНИ БО РОҲИ ФИРЕБУ ДАСИССА МЕХОҲАД ТАРАФДОРОНИ ХУДРО ЗИЁД НАМОЯД,

ҲНИ БО РОҲИ ФИРЕБУ ДАСИССА МЕХОҲАД ТАРАФДОРОНИ ХУДРО ЗИЁД НАМОЯД, Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом баъди мамнуъ шудани фаъолияташ дар ҳудуди кишвар ҳоло берун аз Тоҷикистон бо ғаразҳои нопоки худ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ-хоини бадхоҳи Ватану миллат ба роҳ монда, ҳамаруза бо роҳи фитнаву дасисабозӣ мехоҳад аъзои худро зиёд намояд. Ҳоло тариқи шабакаҳои интернетӣ барномаҳои иғвоангезонаи худро ба роҳ монда, бо роҳи дуруғу фитна мардумро аз ҷумла ҷавононро, ки қишри ҳасоси ҷомеа ба ҳисоб мераванд бар зидди давлату ҳукумат мешуронанд. Мутаассифона баъзе аз ҷавонони ноогоҳу худношинос, хизматҳои роҳбарияти давлатро нодида гирифта, ба дуруғу дасисабозиҳои хоинони бадхоҳ бовар карда, ҳамовози онҳо мегарданду бар зидди миллату давлати хеш носазогуӣ мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда ҳамчун ин ҳизб (ҲНИ) ҳизби исломӣ соли 1990 таъсис дода шуда буд ва то соли 2015 он ҳамчун ягона ҳизби исломии бақайдгирифташуда дар Осиёи Миёна ва умуман мамлакатҳои собиқ ИҶШС ба шумор мерафт. Асосгузор ва сарвари ҳизби мазкур дар солҳои 1993-2006 Саид Абдулло Нурӣ буда, ӯ яке аз сиёсатмадорони шинохта дар муҳит ва ҷомеаи иҳотакардаи худ ба ҳисоб мерафт. Саид Абдулло Нурӣ яке аз тарафдорони фаъоли ба давлати Исломӣ мубаддал намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ӯ нуктаҳои назари худро кушоду равшан ба одамон баён намуда, ҳанӯз солҳои 70-ум бо мақсадҳои ғаразноки худ ташкилоти исломиёни ҷавонро бо номи «Назҳати исломӣ» дар Қурғонтеппа ташкил намуда буд, ки он пинҳонӣ фаъолият мебурд. Онҳо дар чорабиниҳои маҳаллӣ ва маъракаҳои анъанавӣ дар ҳамон солҳо одамонро ҷамъ намуда, ба ғайр аз ҳадафу мақсадҳои ғаразноки худро баён намудан бо танқиду талқини ҳокимияту давлат ва давлатдорӣ машғул буданд, ки дар натиҷа чӣ қадар одамони роҳгумкарда, хонахаробу хонавайрон намуданд. Инчунин дар охирҳои солҳои 80-ум чӣ қадар роҳгумкардагону одамони шомил ба ин ҳизб ва фаъолони ҲНИ ҳабс карда шуда буданд. Ҳамаи амалиётҳои ғайриқонунии ҲНИ ва тарафдорони он танҳо бо мақсади аз нав дар мамлакат оғоз кардани ҷанги шаҳрвандиву бародаркушӣ, сарнагун ва барҳам додани давлати соҳибистиқлолу дунявии тоҷик, аз байн бурдани ваҳдату ягонагии давлату миллат ва барпо кардани давлати Исломӣ буд, ки дар натиҷа ба маҳдуд кардани озодии тоҷик оварда мерасонд. ҲНИ дини мубини Ислом ва даъват ба Худошиносиву иҷрои фарзиятҳои мусалмониро истифода бурда, амалиётҳои экстримистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимияту давлат бо дини Ислом пардапӯш карда, халқи тоҷикро ба ҷанги бародаркушиву ғоратгарӣ, бераҳмиву беадолатӣ даъват намуд. Дар натиҷа чӣ қадар одамон натанҳо гурезаву ҳабс, балки љони худро аз даст додаанд. Мо бояд ҳамагон ҷонибдори ободию созандагӣ, таъмини ҳаёти бофароғату осуда бошем ва дар фикри имрӯзу ояндаи миллату ватан бошем, баҳри осудагиву ободии диёри азизамон саъйю талош намоем, на ба шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-01-2023, 13:08:44 | Диданд: 129