МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

СОЛИМИИ ОИЛА-СОЛИМИИ ҶОМЕА

СОЛИМИИ ОИЛА-СОЛИМИИ ҶОМЕА

Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ доир ба паҳлуҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус бештари диққати хешро ба тарбияи насли наврас, ташкили ҳаёти солими онҳо дода, баҳри ҳалли масоили ҷойдошта тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд. Сарвари давлат оиди омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ ва ташкили оилаи хубу намунавӣ ва барҳам задани мушкилоти дар ин самт мавҷудбуда пешниҳодоти мушаххас намуданд.

Дар ҳамаи давру замон заминаи нахустини ташаккули ҷомеаи инсонӣ буд ва ҳаст. Чун мо ба таърихи гузаштаамон менигарем мебинем, ки ниёгони мо дар ташкили оили хеле ҳассос ва дақиқназар буданд. Натиҷаи ҳамин ташкили оилаҳои шарқиёна буд, ки Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Закариёи Розӣ, Носири Хисраву Берунӣ, Саъдию Ҳофиз, А. Донишу Шоҳин ва бисёр нобиғаҳои илму фан ба камол расиданд. Мо аз саҳифаҳои зардшудаи таърих доири чӣ гуна дар оила тарбия гирифтани ин гуна ашхос огоҳем.

Бузургони гузаштаи мо оиди бунёди оилаи солим ва тарбияи фарзанд дар гулбоғи адаб аз сухани волои хеш ниҳолон сабзонидаанд. Намунаи хуби онҳо рисолаи «Тадбири манзур»-и А. Сино, «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус, «Бӯстон», «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ мебошанд. Муаллифони ин асарҳо таълим медиҳанд, ки покизагӣ, бурдборӣ, ростқавлӣ, поктинатӣ, дӯст доштани марзу буми Ватан, эҳтироми калонсолон ин аст сифатҳои ҳамидаи инсонӣ.

Носири Хисрав ба ҷавонон хитобан мегӯяд:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,

То азизи дигарон бошӣ ту низ.

 

Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ мақому манзалати оиларо ба назар гирифта, таъкидан гуфта буд: «Оилаи солим омили муҳими пойдории давлат ва фарзандони соҳибмаълумоту бомаърифати он номбардори кишвару давлат ба шумор мераванд.

Чи тавре ки аз гуфтаи Сардори давлат маълум мешавад, оилаи солим ташкилдиҳандаи давлати солим аст. Ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дар заминаи ташкили оила арзи ҳастӣ доранд. Аз ин рӯ оиларо ячейкаи хурди ҷамъият низ мегӯянд.

Дар Сарқонуни аксар кишварҳои олам доири оила, ташкили он ва ҳуқуқҳои он моддаҳои алоҳида ҷудо шудааст. Аз ҷумла дар моддаи 33-и Сарқонуни ҷумҳуриамон доир ба ин бахш чунин омадааст: Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.  Мардон ва заноне, ки ба сини никоҳӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд, ки озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ занону мардон ҳуқуқи баробар доранд.

Никоҳ худ вожаи арабӣ буда, маънии ба ҳам шудан, ҷамъ шудан ба ҳамро ифода мекунад ва ин вожа аз рӯи шариати ислом истилоҳе мебошад, ки зану мардро ба ҳам пайваста, ба бунёди оила асос мегузорад.

Дар мақому манзалати оила доир ба тарбияи фарзандон педагог Сухомлинский  чунин ақидаи комил дорад: «Оила аввалин муҳитест, ки некӣ дар он парвариш меёбад». Шоир ва мутафаккири озортабори мо Низомии Ганҷавӣ бошад, устувории оиларо дар якдилии зану шавҳар медонад:

Зану шавҳар агар якдил набошанд,

Бидон умре ба як манзил нбошанд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон никоҳ дар сурате дар мақомоти сабти асноди шаҳрвандӣ ба қайд гирифта мешавад, ки тарафҳо розӣ бошанд. Барои устуворӣ ва солимии оила ақди никоҳ бо шахсони наздик мамнуъ аст. Аммо бо ин ҳама нигоҳ накарда миёни оилаҳои ҷавон ҷудошавӣ ба чашм мерасад, ки таи чанд соли охир ин амали номатлуб доғи рӯз гаштааст. Дар ин боб мутахассисон пажуҳишҳо гузаронида, заминаҳои ин рафтори ношоистаро ҷӯё мешаванд. Ман ҳамчун омӯзгор асоси ин амали нангини навхонадоронро дар чанд нукта мебинам:

-бо амри падару модар маҷбуран хонадор шудани ҷавонон;

- ҳамдигарро дуруст наомӯхтани ҷавонон;

- надонистани маърифати оиладорӣ;

- муддати зиёд дар муҳоҷирати меҳнатӣ истодани писарон ва муносибати шаҳвонии онҳо бо дигар занон;

- қафомондагии ақоиди падару модари писару духтар аз замона, ҳисси молпарастии онҳо.

Мо, калонсолон вазифадорем, ки пеши роҳи вайроншавии оилаҳоро бо панду насиҳат ва   фаҳмонидан бигирему нагузоррем, ки оилаҳои ҷавон вайрон шаванд.

 

Рустам Солеҳов,

Аълочии маорифи Ҷумҳурии тоҷикистон.

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 1878