МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Рушди давлат ба амнияти он вобаста аст

Рушди давлат ба амнияти он вобаста аст

Рушди давлат ба амнияти он вобаста аст Масъалаи таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат маҳаки асосии низоми давлатдориро ташкил дода, бидуни он рушди давлат ғайриимкон мебошад. Агар ба таърихи Истиқлолияти давлатӣ назар афканем, маълум мегардад, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, қабл аз ҳама, таъмини амнияти миллат пеш омада буд. Дар он шабу рӯзҳо бетаваҷҷуҳӣ ба ин масъала хатари аз байн рафтани давлатро низ ба вуҷуд меовард. Хушбахтона, бо хиради азалии халқи тоҷик, корнамоиҳои бесобиқаи мардони шуҷои Ватан ва тақдири давлатдориро ба даст гирифтани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвари мо дубора пойдор гардид. Дар ин марҳала низ таъмини амнияти давлат дар мадди аввал меистод. Сарвари давлат ва мақомоти қудратӣ талош ба он меварзиданд, ки марҳала ба марҳала пояҳои давлатдориро мустаҳкам ва волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин намоянд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Тақрибан як миллион нафар аҳолии Тоҷикистон, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гуреза шуда буданд, ба Ватан баргаштанд. Амният дар кишвар пойдор гардид ва мо соҳиби кишвари ободу амн гардидем. Мутаасифона имрӯз дар ҷомеа гурӯҳҳое низ ҳастанд, ки барои халал ворид кардан ба ин суботи миллӣ талош менамоянд. Мо мардуми шарафманди ин диёри обод зиракии сиёсиро пеша карда даст ба дасти ҳам дода ба чунин гурӯҳҳои мухолиф имконият намедиҳем. Кӯшиш мекунем дар ободии ватанамон саҳме дошта бошем ва ҳамеша пайрави сиёсати хирадмандонаи ҳукумати давлатамон бошем. Сокини н. Восеъ: Шабнам Сатторова

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-05-2023, 15:39:12 | Диданд: 107