МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Террористҳои дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми динӣ амал мекарда бошанд?

Террористҳои дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми динӣ амал мекарда бошанд?

Террористҳои дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми динӣ амал мекарда бошанд? Вокуниш: Ба ҳамагон маълум аст, ки вожаи «террор» ё «терроризм», ки имрӯз дар васоити ахбори умум хеле зиёд вомехӯрад, аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад. Дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо мехонему дарк мекунем, ки қисми зиёди террористон дар Шарқи мусулмонӣ ва ҳатто дар Аврупою Амрико ҳам парчами исломро баланд бардошта, зери он “давлати исломӣ бунёд месозем”, гуфта ба куштору даҳшатофарӣ машғул мешаванд. Вале ҳамон навъе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ва такрор ба такрор таъкид менамоянд, “терроризм дин, мазҳаб, миллат, ватан надорад ”. Ва дар асл ҳам дар китоби ягон дин, хусусан дини ислом нахондаем, ки инсон ба хотири ҳадафу маромҳои нопоку ношоистаи худ худкушӣ кунад ва туфайли худкушии худ чандин бандагони дигарро беҷон намояд. Ҳам ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амали нопок, ҳатто куфру бедиёнатӣ медонанд. Пас суоле ба миён меояд, ки террористҳои маргталаб дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми динӣ амал мекарда бошанд? Ҳаводиси нангину марговари террористии мамолики Шарқи исломӣ ва ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон водор месозанд, ки имрӯз аҳли хирад, донишмандону мутафаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон роҳҳою усулҳои пешгирии чунин амалиётҳои номатлубу дунёбезоронаро ҳар чӣ зудтар дарёфт намоянд. Баръакси ҳол, терроризму экстеремизм, шубҳае нест, ки ба аксарияти мамолики дунё метавонад сироят кунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шукри беҳад, ки туфайли сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиё мутафаккирону донишмадон фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукумрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир нахоҳанд монд, зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии халқи Тоҷикистон ҳам узви ҷудонашавадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад. Сафархони М., мудири шуъбаи молияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-06-2023, 11:56:47 | Диданд: 117