МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хиёнати хоинони Ватан нобахшиданист.

Хиёнати хоинони Ватан нобахшиданист.

Хиёнати хоинони Ватан нобахшиданист. Имрӯзҳо ифротгароёни халқи тоҷик садои шағолманди худро аз манотиқи гуногуни дунё бароварда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин, онҳо аз берун зарари худро расониданианд. Яке аз душманони давлати Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садриддин аз берун истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ранги мори афъи мечошад, ки аз амалҳои маккоронаи ӯ кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар аст. Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Муҳаммадиқболи Садриддинро зимни пахши “хабарҳо”-яш дар сомонаи “Ислоҳ.нет” дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст. Оне, ки бо намои бетағйир ҳар ҳодисаву воқеаи кӯчаки дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастаро ба риштаи танқид мекашад, кист? Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳамадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд. Шурӯъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист. Мо, имрӯз ҷавонон ва алалхусус халқи тоҷик фахр аз он мекунем, ки бар сари давлати мо Тоҷикистони соҳибистиқлол марди шуҷоъ, марди Худо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунанд. Халқи парокандаи давлатро сарҷамъ намуда дар арсаи байналмиллалӣ нашъунамо намуданд, ки ин аз мардонагию ватанпарастии он кас дарак медиҳад. Дар ҳақиқат ҳам “Аз ин марди Худо, эй ҳамватан, шукрона бояд кард”. Ҳазорон маротиба шукрона мекунем, ки чунин марди хирадманд сарвари мардуми куҳанбунёди тоҷик гардидаат. Ва мо ҷавонон аз сиёсати хирадмандондаи ин марди шуҷоъ дарси ибрат гирифта, доимо дар пайрави аз он дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва устовории осудагии кишвар талош менамоем. Иботов Д.-мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-09-2023, 09:42:04 | Диданд: 122