МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм хатар ба ҷомеа

Терроризм хатар ба ҷомеа

Терроризм хатар ба ҷомеа Сарвари давлат дар суханронии худ доимо қайд менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ,ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатангезона, бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, таҳлика дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноятӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки аз ҳама бештар терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ, экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаю канори сайёра ба мушоҳида мерасад, зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин пеш аз ҳама ба хотири сӯйистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳу созмонҳои ифротгаро яке аз масъалаҳои мубрам мебошад. Идеологияи экстремистӣ, ки ҳоло бо роҳу воситаҳои гуногун фаъол гардидааст, метавонад ҷавононро ба коми худ кашида, кишварро ноором созаду ба ваҳдати миллӣ ва амнияти мамлакати соҳибистиқлоламон таҳдид намояд. Пӯшида нест, ки ҳаракату ҷараёнҳои экстримистӣ, ки фаъолияти онҳо дар мамлакат мамнӯъ эълон шудааст, ҳоло ҳам талош мекунанд ҷавононро, ки табақаи нисбатан камтаҷрибаи ҷомеа мебошанд, ба ҷониби худ кашанд. Дар Тоҷикистон аксари пайравони чунин гурӯҳҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Савол ба миён меояд, ки чаро тамоюли ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бештар аст? Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлуб ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Аз ин рӯ, фарзандони мо бояд аз хурдсолӣ рӯ ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Дар ҳар сурат терроризм падидаи манфӣ, ҷиноят ва бар зарари ҷомеа, давлату шаҳрвандон буда, суботи кишварҳоро халалдор месозад. Дар ягон давр терроризмро омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд. Сафар Ҳ. Р. раиси КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-09-2023, 09:47:28 | Диданд: 146