МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОХӮРИИ СУДМАНД

ВОХӮРИИ СУДМАНД

Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ гурӯҳи кори дар ҳайти Муҳамади Сафолзода –муовини директори маркази тадқиқоти стратеги назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурулҳақов Қамар сардори шуъбаи омузиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мутеуло Наҷотзода муовини директори маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Расулов Ғаффор сардори раёсати макроиқтисодӣ тадқиқоти стратеги назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни баргузории вохӯрии мазкур ҳайати гурӯҳи корӣ дар мавзӯи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”, “Хусусиятҳои зидди миллии ҳаракатҳои ғайрисунатии дини- сиёсӣ дар ҷаҳони ислом”, “Тафсири мафҳуми ҷиҳод аз нигоҳи мазҳаби аҳли сунату ҷамоат” баромадҳо намуданд.

Дар чорабинии мазкур аз ҳудуди ноҳия роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони ҷамоат,  директорони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ширкат варзида оид ба мавзӯи вохӯри саволу ҷавоб намуданд.   

Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2015-12-23 | Диданд: 920