МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Иҷлосияи чоруми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи восеъ

Иҷлосияи чоруми маҷлиси вакилони халқи ноҳияи восеъ

Рӯзи 25 декабри соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ, даъвати панҷум  баргузор гардид.

Кори иҷлосияро Ғафурзода Мусо Зариф раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оғоз намуда вакилонро бо масъалаҳои иҷлосия шинос намуд.

Сипас аз руи рӯзномаи Иҷлосия масъалаҳои ахбороти комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва тасдиқ намудани ваколати вакилони навинтихобшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №27 ва №38, ҳисоботи  раиси ноҳияи Восеъ оиди ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Восеъ дар соли 2015, дар бораи иҷроиши буҷети ноҳияи Восеъ дар соли 2014 ва тасдиқи буҷети ноҳияи Восеъ барои соли 2016, тасдиқи нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ барои соли 2016, тасдиқ намудани қарорҳои Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ оид ба номгузорӣ ва номивазкунии қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин (кўчаю маҳаллаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо ва ѓайра), тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, тасдиқи амру фармонҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дида баромада шуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2015-12-25 | Диданд: 937