ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10001]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6140]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5883]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5008]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4334]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4307]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4294]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4279]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3942]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2424
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 63677
Абуҷаҳлсиратон ҳеҷ мусулмон намешаванд…

Истиқлолияти давлатдории навини тоҷикон боазму иродаи мардуми тоҷик ба даст омадаву бороҳнамоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат таи беш аз бистуҳафтсол устувору қавӣ гашт, Тоҷикистон ба эътирофу шинохти ҷаҳониён сазовор гардидааст. Тоҷикистони азизи мо дар масири таърихи давлатдории замони соҳибистиқлолӣ ба дигаргуниҳои куллии иқтисодиву иҷтимоӣ соҳибшуд. Бо раванди бунёдкориву созандагиҳо зиндагии шоистае барои мардуми тоҷик фароҳам омад. Аз ҳама муҳим рўҳияи хушбинонаи мардуми мо ба ояндаи боз ҳам накутар қавӣ гардид. Мардуми тоҷик бо ҳамаҳастӣ ин Ватанро дўст медоранд ва сидқан барои ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият ва муҳайё кардани имкониятҳои бештару заминаҳои комили иқтисодӣ барои фардои дурахшони фарзандонашон талош меварзанд.
Аммо ҳанўз ҳам нохалафи ин миллат чун аҷал гиёе бар тани Модар – Ватани худ неш мезананд. Ҳарчанд чеҳраи зоҳириву ботинии ин нохалафонро мардум шинохтаанд, вале онҳо аз одати модарзодии ақрабонаяшон даст намекашанд. ҲНИ ва роҳбари заифмиҷози он Кабирӣ аз дидани ҳақиқати зиндагӣ ва рушди Ватани тоҷикон тангдил мешаванд. Кўрдилӣ ва ношукрии онҳо ду даҳсола бештар боз ин Ватанро ранҷу азият меоваранд. Хиёнатҳои ҲНИ дар назди таърихи кишвар беҳисобанд. Вале ду амали сиёҳкоронаи «ҳизбинаҳзат» - ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашидани миллати тоҷик, ки боиси қурбонии беш аз 150 ҳазор тоҷикистониён гардид ва исёни хун ошоми ҳоҷӣ Ҳалим Назаров, ки ҷони даҳҳо ҷавонмардони миллатро рабурд, Тоҷикистон акнун ба остонаи соҳибистиқлолӣ по ниҳодаро даҳсолаҳо қафо кашид. Наҳзатиҳо ва Кабирӣ бо даст гири хоҷагони хориҷии худ ҳамоно ҷонмекананд ва бо ҳар восита мекушанд нақшаҳои дастнишондоди роҳбарони рўҳонияшонро амалӣ созанд. Ҳатто аз амалҳои нангину хунин низ истифода мебаранд. Куштори бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Данғара, ки бо дасти навкарони наҳзатии Кабирӣ амалӣ шуд, дафъатан пардаро аз рўи сиёҳу курдилӣ ва бераҳмию золимии ҲНИ кушод. Бо ин кирдориву ҳуштинатона кабириҳо ва урдуи наҳзатии ў хостанд имиҷи давлатдории тоҷиконро дар чашми оламиён костасозанд. Аммо тирашон хок хурд. Ҷаҳони башарият кайҳо нияту найранг ва аҳдофи золимонаи ҲНИ – ро дарак карда, ҳамчу ташкилоти экстремистию террористӣ онро шинохтанд. Имрўз ҲНИ дар радифи ташкилотҳои хунхори «Давлатиисломӣ», «Толибон», «Ҳизб-ут-таҳрир», ҳаракатҳо иифротгарои салафияю ваҳҳобӣ ва дигар равияҳои экстремистӣ ҷой дорад. Аҳли башар ҳадафмандона бо ин ташкилотҳои зиддиинсонӣ муборизаи беамон мебаранд.
Кабирӣ ва ҲНИ имрўзҳо реҷаи фаъолияти худро дигар карда, ба муборизаи иттилоотӣ гузаштаанд ва зери домани хоҷагони сармоядори хориҷӣ шаброрўз карда, аз минбарҳои кишварҳои Аврупо бо туҳмату иғвоангезиҳо сўи давлати тоҷикон санг мепартоянд. Худро бечораву бе гуноҳ во намуд карда, аз дурўғу буҳтон маъвиза мехонанд, дини мубини исломро чун доми тазвир истифода мебаранд, аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ношармида маърўза мекунанд. Аммо боре намегўянд, ки Кабирӣ чӣ хиёнате ба Ватан кардааст, дасташ дар хуни ноҳақ рехтаи фарзандони тоҷик тар аст, ў буд боиси иғвоангезиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ў буд, ки аз касофатҳои сиёсатбозияш шиагароӣ дар кишвар авҷгирифт ва сари садҳо ҷавонони аз олами дин бехабарро ба бало андохт, ў буд, ки ҷавонони тоҷик террористу ифротгаро шуданд ва боиси бад бахтии волидони дар ҳасрати фарзандони дар ҷанги сурия ҳалок гардида гашт…
Кабириро ҲНИ зодааст ва ў дар оғўши ин ташкилоти террористӣ ба камол расида аст. Хўи падар ба писар асар мекунад. Ҳеҷ гоҳ аз гапи «падар» намегардад Кабирӣ. Зеро хоҷагони хориҷиаш – «бобоёни сармоядор» «падару писар» - робеғизона мемонанд. Вале Кабирӣ бояд донад ва агар не, бояд бидонад, ки охури бегона рўзе холӣ мешавад ва бо дандонҳояш заминро меканаду пари коҳе намеёбад. Он гаҳ ба хоки Ватан, хушаҳои гандумзораш, як луқма нону як каф оби чашмасоронаш зор мегардад, ки дигар дер мешавад…
Кабириҳо ва бародарони ҳамхуни наҳзатияш ҳаргиз мусулмон намешаванд. Зеро мазҳабфурўшӣ ҳам вазни динфурушист. Кабириҳо ҳамон Абуҷаҳлсиратонеанд, ки аз золимию хунхориашон даст намекашанд, мусулмон шуданӣ нестанд. Ба таъбири Мавлонои бузург:
Бар мурдадилон панд мадеҳ, хеш маёзор,
Зеро ки Абуҷаҳлмусулмон шуданӣ нест.
Мардуми тоҷик аз синаи таърих ҳамеша талхкомиву зардоба ишикасту рехтҳо нўшидаанд, аммо ҳеҷгоҳ аз по на афтодаанд. Имрўз бошарофати бозсозиҳои бузург ҳар сатри ҳидоятҳои хирадномаи Пешвои миллатро парчами амал қарор дода, алорағми буҳтону сангзаниҳои Кабирию чанд танну багони думраваки ў бо сари баланд барои дифои аркони давлатдорӣ ва созандагиву бунёдкориҳо талош мекунанд.
С. Ориёӣ
Сокини ноҳяи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-12-2018, 13:23:39 | Диданд: 575