МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Барассии масъалаҳо

Барассии масъалаҳо

Дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия, ки дар он муовинон ва роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва  намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ  иштирок доштанд як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф оиди таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ, банақшагирӣ ва иҷрои дурнамои кишти картошка, таъмини иҷрои нақшаи ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, омодагии ҷидди барои таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, насби фурӯзонакҳо дар кӯчаҳои ҷамоати шаҳраки Восеъ ба роҳбарону мутасаддиён дастур ва супориш дод. 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-08-2017, 06:23:57 | Диданд: 923