МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД. Бояд гуфт, ки ҳар яки мо дар сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатамон саҳмдор бошем ва талаботро дар ин самт бояд ба сифати баланд расонем. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Мақсади ибтидоии терроризм ин ба халалдор сохтани амнияти терроризм, амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути ин фишор овардан ба мақомоти давлатист. Дар ҳақиқат имрӯзҳо дар гушаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳо фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Мушоҳидаҳои амалиётҳои террористӣ бисёртар дар давлатҳои Ироқ, Афғонистон ва инчунин дар баъзе давлатҳои Аврупо ба назар мерасанд. Мо медонем, ки баъзе аз давлатҳои Шарқи наздик ва Африқо, ки шаҳрвандонашон аз кишварашон фирор карданд ва ба касоне, ки дар ин ҷанг чандин бадбахтиҳоро аз сар гузарониданд, кафолати сулҳро ваъда намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки “Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро”. Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем, дар ҷамъомадҳо тӯю маъракаҳо ва маросимҳо байни аҳолӣ вобаста ба мубориза бар зидди ин вабои аср - “Терроризм – экстремизм (ифротгароӣ)-и хушунатомез ” ташвиқоту тарғибот бурда мардумро аз оқибатҳои ҳалокатовару харобиовари ин падидаи номатлуб огоҳ созем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаӣ мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Аз номи шуъбаи занони н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-04-2020, 12:36:45 | Диданд: 313