МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Дасисабозињо бас аст.

Дасисабозињо бас аст.

Дасисабозињо бас аст. Имрўзњо дар бораи амалњои террористї ва маќсадњои нопоки онњо матбуоти даврї бисёр менависаду расонањои хабарї аз амалњои манфуру дањшатбори онњо барномањои махсус пахш менамоянд. Ба ростї ин њама пеши рўям воќеањои солњои 90-уми асри гузаштаи кишварро пеши рў меорад, ки бо дасисабозињои Њизби Нањзати Исломии Тољикистон тањрезї шуда буд. Он замон М. Кабирї яке аз сарони ин њизб будеду аз нооромии кишвару садои тирњо назди хољагони хориљии худ ифтихор мекардед. Бо найрангњои сохтаи Шумо њаммаслаконатон хазорњо нафар сокинони кишвар хонаю дари ободи худро тарк намуда, рў ба кишварњои хориљ оварданд. Ин њама ба он маќсад буд, ки Шумо даромади бештарро ба даст оред. Охир, «Чоњканро чоњ дар пеш аст» мегўянд, мардуми мо. Охиран Шумо љаноби Кабирї ба чоњи худ афтидеду ѓариб аз Ватан шудед. Муњољирон ба Ватан баргаштанду ба ободкорињо даст заданд. Наќбњо канданду роѓунњо бунёд карданд. Шумо чї, њоло њам коратон дасисабозї асту бас. Чанде пеш аз 16 то 27 сентябри соли 2019 дар шањри Варшава конференсияи солонаи САЊА барпо шуд. Дар он Шумо бо номи «Паймони миллї» баромад намуда, боз даъвоњои беасосатонро идома додед. Гумон мекунам,ки ин оини љавонмардї нест, салоњи кор он аст, ки њаќиќатро њаќ гуфтан лозиму назди халќу Ватан бахшиш хостан, охир сари хамро шамшер набуридааст. Њама он њаммаслакони Шумо, ки хатои хешро фањмиданду ба Ватан баргаштанд, озодона зиндагї ва фаъолият намуда, гуноњи худро бо мењнати софдилона мешўянд. Мардуми азияткашидаи мо воќеањои нангини солњои 90-умро фаромўш накардааст. Онњо хуб медонанд, ки дўст кисту душман кист. Дар як ќиссаи устод С.Айнї хонда будам, њангоме ки Темурмалик аз дасти муѓулон кушта мешавад, аз љайби ў як каф хок ва васиятнома пайдо мекунанд,ки дар он навишта шуда буд, «Њар касе мурдаи маро мегўронад, аввалан аз ин хоки Ватан болои љисми ман пошад». Чї дили бузурги ватанпарварона доштааст, Темурмалик, ки бо унвони Ќањрамони халќи тољик ёд мешавад. Кабирї, шумо чї? Шумо бояд танњо аз бањри он љисми беномусатон мегузаштеду дар Ватан ба худкушї даст мезадед, то аќќалан болои љисматон хоки Ватан мерехт, гарчанде он ба Шумо њайф аст. Мо имрўз дар арафаи љашни 30 – солагии Истиќлолияти давлатї ќарор дорем, тамоми фикру зикрамон бањри ободии Ватанамон аст. Мо шукронаи Вањдати милливу Истиќлолияти Ватан дорем, дигар фирефтаи њељ гуна гуфторњои ѓаразнок нестем. Мардуми тољик медонанд, ки ин њама пешравињои мо ба чашми душманонамон чун хор мехаладу аз оташи зиёд љойи нишаст намёбеду дар синањои Шумо иѓво меандозанд, оре воќеият ин аст. Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноњияи Восеъ Рустам Солењов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-10-2020, 14:04:00 | Диданд: 223