МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

САРВАТИ БЕБАҲО

САРВАТИ БЕБАҲО

Беҳтарин дороиву сарват барои инсон Ватан ва Истиқлол аст. Ба ин хотир ҳар як ватандори баору номус бояд ватани хеш, сарзамини он ва хасу хорашро арҷгузорӣ намояду муқаддас донад. Инсони беватан ё хориҷ аз он гадо ва ҳақиру нотавон аст. Чуноне ки шоири зиндаёд Искандари Хатлонӣ дар ин боб мефармояд:

 

Гадо дар мулки худ шоҳу амир аст,

Ғариби беватан хору ҳақир аст.

 

Истиқлолият неъмати бебаҳост, ки барои дарк намудану ба қадру манзалати он раисдан мебояд шахс худшиносу ватандӯст бошад. Ба ҳамагон рушан аст, ки истиқлолияти Тоҷикистон барои халқи тоҷик хеле ва хеле гарону пурфоҷиа афтод.  Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 барҳам хурд. Дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯрвавӣ давлатҳои мустақил ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумлаи онҳо халқи тоҷик буд, ки ҳазорсолаҳо аз давлату давлатдорӣ бенасиб буд. Ва гардиши айём ӯро соҳибдавлат гардонид.

9- сентябри соли 1991 Парлумони Тоҷикистон  Истиқлолияти давлатии кишварро эълон намуд. Он рӯз дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин нақш гардид.

Истиқлолият дар ҳаёти мо, маорифчиён такони бузургеро ба вуҷуд овард. Ёд дорам дар солҳои ҳукумати Шӯравӣ ягон хонанда берун аз хоки Шӯравӣ рафта, дар мактабҳои олӣ таҳсил карда наметавонист. Танҳо фарзандони баъзе ашхоси мансабдор рафта, таҳсил карда метавонистанду халос. Шукр аз файзи Истиқлол, имрӯз бошад, бо шарофати пойдории истиқлолияти давлатӣ хонандагони болаёқату доно метавонанд дар дигар донишкадаю донишгоҳҳои берун аз кишвар озодона таҳсил намоянд.

Дар муддати 24 соли истиқлолият бо сарварии Президенти маҳбубамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз дар радифи давлатҳои мутараққӣ гом мезанад. Садҳо ва ҳазорҳо корхонаҳои бузург, силсилаи нерӯгоҳҳои барқии хурду бузург, бунёди шоҳроҳҳои азим, азнавсозию тармими зиёди мактабҳои тахсилоти умумӣ ва бо техникаи ҳозиразамон ҷиҳозонидашудани онҳо, биноҳои бошукуҳи ҳозиразамони сарбафалак шаҳодат аз файзи истиқлолияти кишвар аст. Аз ин рӯ истиқлолият ифтихору сарбаландии ҳар яки мост.

Зарур аст, ки мо ин неъмати худододро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Аз дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд, ки мо, омӯзгорон вазъи мактабу маориф, дурнамои соҳа, илму технологияи муосир, фарҳангу тамаддуни миллӣ, ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагию худшиносӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, дар рушди давлати соҳибистиқлоламон қадамҳои мустаҳкаму устувор гузорем. Зеро дар оянда ҷавонони мо бунёдгари давлати пурқудрати Тоҷикистонанд. Барои ин онҳоро ба ин маром роҳнамоӣ кардан вазифаи мо, омӯзгорон аст. Бигузор истиқлолияти давлатии ҷуҳурии азизамон то абад пойдору устувор бошад. Мо дуогӯи онем, ки Тоҷикистони азизамон доимо ободу зебо ва хонаи ҳама сокинонаш пур аз нозу неъмат бошад. Боварӣ дорем, ки ҳама ҳамватанон зери парчами сулҳу ваҳдати миллӣ ва роҳнамоии роҳбараммон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибистиқлоли худлро боз ҳам қудратманд менамоем.

Мустафо ИСҲОҚӢ,

Абдусаттор ОДИНАЕВ,

устодони МТМУ № 6

 

Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 3168