Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8675]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5769]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5128]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4629]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3938]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3934]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3932]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3927]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3636]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 53599
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд…
Вақте ба саҳифаҳои таърих назар меафканем, дарк мекунем, ки наздик ба ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлати мустақил набуданд. Дар ин муддат барои амалӣ намудани ормонҳои миллӣ ҳамеша талош меварзиданд. Хушбахтона, баъди чандин аср тоҷикон дигарбора соҳиби давлати мустақил гардиданд. Дар ин лаҳзаи кӯтоҳ, дар давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил шуд. Ҳамаи ин самараи соҳибистиқлолии давлат ва миллат аст.
Аммо душманони миллат ҳанӯз ноумед нестанд. Тавассути васоити ахбори омма гоҳҳо бадгӯии онҳоро мешунавем. Бо ҳар роҳ мехоҳанд ба мамлакати тоҷикон хисороте расонанд. Барои ҳамин, ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, махсусан масъалаи ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон эродҳои бемаврид ва печу бемаънӣ мегиранд. Мавзӯи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои пурбаҳсу фаррох дониста мешавад, ки то ҳол ба он муҳаққиқону коршиносон ва таърихнигорону рӯзноманигорон баҳои гуногун додаанд. Дар аввали солҳои 90-ум дар шароити Тоҷикистон омилҳои мухталифе пайдо гардида буданд, ки мамлакатро ба моҷарои сиёсӣ кашиданд.
Вазъияти ҷамъиятию сиёсии мамлакат пуршиддат ва муқовиматбор буд. Раҳбари ҳизбу гурӯҳҳои харобкор инкишофи мутаносиби мамлакатро халалдор менамуданд. Нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пайдо гардида, кӯшиши аз сари қудрат дур намудани элитаи сиёсии ҳукмронро ба миён оварданд. Аммо баъзе сомонаҳои ҳизбу гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистие, ки дар он воқеаҳо даст доштанд, онро ба таври дигар шарҳ доданӣ шуда, гуноҳҳои худро ба сари дигарон заданӣ мешавад ва байни халқиятҳо тухми кинаву адоват мекоранд. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» дар ин ҳаводис аъмоли тахрибкорона дошт, вале вақеаро тавре мехоҳад рӯшанӣ андозад, ки ба ҳадафи нопокаш наздик бошад. Сомонаи интернетии « Payom.net», ки ба ин ҳизб мутааллиқ аст, иддаои нодуруст мекунад, ки «мардуми ноҳияи Панҷ дар он давра ду қисмат шуда буданд: ихтилоф миёни тоҷикону ӯзбекон ба ҳадди ниҳоӣ расида буд».
Ташкилоти террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» намехоҳад бидонад, ки таърихи халқҳои тоҷик ва ӯзбек ба ҳам наздик ва шабеҳ буда, рушди он дар як сарзамин ба вуҷуд омадааст. Тоҷикон ва ӯзбекон халқҳое ҳастанд, ки дар як ҳавзаи маданиву сиёсии Осиёи Миёна умр ба сар мебаранд. Ташаккули онҳо дар асоси умумии нажодӣ ва ҳамзистии мусолиҳатомези халқҳо ва қабилаҳо қарор гирифта, бо ҳамдигар алоқаи хеле наздик доранд. Ин ду халқи бо ҳам наздикро робитаҳои хешовандӣ, фарҳангӣ ва суннатӣ муттаҳид месозад. Хусусияти маданияти моддӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқии тоҷикон ва ӯзбекон чунон наздиканд, ки гоҳо дар байни онҳо фарқ гузоштан мумкин намешавад. Дар таърих кам воқеъ шудааст, ки ду халқ бо ҳамдигар мисли тоҷикону ӯзбекҳо ба чунин дараҷа наздик ва омехта гашта бошанд. Муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва хешутабории ин ду халқи қадимаи Осиёи Миёна онҳоро ба ҳамдигар хеле наздик кардаанд.
Аммо фаъолияти ташкилоти террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» зери шиорҳои ташаккули сохти нави иҷтимоӣ бо истифода аз нерӯҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла, гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил амалӣ мегардид. Ҳамагон хуб медонанд, ки он ҳодисаҳо дар Тоҷикистон ба таври мақсаднок ба амал омаданд ва ба халқияту миллатҳо ҳеҷ рабте надоранд.
Иштироки ТЭТ «ҲНИТ» дар ҳаёти сиёсии ҷомеа яке аз масъалаҳои бисёр мубрам ва печида буд ва аз шадидтарин масъалаҳои ихтилофангези дохилӣ маҳсуб меёфт. Он вазифаи худро дар роҳ ёфтан ба фазои сиёсӣ дида, аз ҳама шеваҳои мубориза истифода менамуд ва боиси бесуботиву ноамнӣ дар ҷомеа мегардид. Ҳар лаҳза раванди ҳамзистии осоиштаро халалдор месохт, фазои динии носолимро ба вуҷуд меовард ва терроризму экстремизмро ба хатарҳои дараҷаи аввал табдил медод. Вале онро ба масъалаи миллӣ рабт додан аз ҳақиқат берун аст. Зеро ТЭТ “ҲНИТ”, ки худ сабабгори ин ҳама бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омада буд, аъмоли бадашро ба дигарон ҳавола намудан дорад, ки «ҳанӯз баъд аз анҷоми гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон» дар пойтахт, иштирокдорони он аз ноҳияи Панҷ эҳсос мекарданд, ки афроди шинохтаи ӯзбектабори ин ноҳия бо чашми бад ба онҳо нигоҳ мекунанд ва баъзе ҳарфҳои пасту баланде дар ин маврид мегуфтанд, ки гӯё раванди ин гуна амалкардҳои майдондорӣ муборизаест алайҳи пантуркизм». Мавод сад дарсад хонандаро ба иштибоҳ мекашад, чунки ба ҳақиқат баҳои воқеӣ намедиҳад ва танҳо дурӯғро дарҷ мекунад. Нигорандаи ифротӣ ва аъзои ҳамешагии ташкилоти террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» бо иштибоҳ ҳарф мезанад.
Бо дарназардошти манфиатҳову ғаразҳои сиёсӣ, бо истифода аз бовариву эътиқоди мардум ба арсаи сиёсат кашидан дӯстии халқҳо ҳамеша ва дар ҳама давру замон сабаби номуназзам гаштани вазъи иҷтимоӣ гардидааст. Ҳеҷ як гурӯҳ ҳуқуқи маънавии онро надорад, ки аз номи ду халқ ва ду миллат истифода намуда, боиси ранҷу машаққати аҳолии бегуноҳ ва ба гурӯҳҳои милливу мазҳабӣ ҷудо намудани онҳо гардад. ТЭТ «ҲНИТ» барои расидан ба суду мақсадҳои нопоку ғаразноки худ дар он давра байни тамоми халқиятҳои гуногуни кишвар нифоқ меандохт. Вале имрӯз ба он обуранги дигар медиҳад. Ҳоло мехоҳанд байни ин ду халқ нофаҳмиҳо ба вуҷуд оварад ва таърихро таҳриф созад, ки «ӯзбектаборон бо ҳар васила худро аз тоҷикон канор мегирифтанд…. Ҳамин тариқ, то рафт фосила байни ақвоми тоҷику ӯзбек васеъ мешуд ва тирамоҳи соли 1992 аз ҳам ба таври ошкор канор мегирифтанд. Ба ибораи дигар, дар ҳамин айём сепаратизми амиқе пайдо шуд миёни ду қавми гуногунзабони ноҳияи Панҷ». Интишори матлаби иғвоангез бо мақсади халал ворид кардан ба муносибатҳои байни халқҳо равона шуда, нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби сомонаҳое, ки дар хориҷ фаъолият мекунанд, ба назар мерасад ва бо рафтори душманона зидди ҳақиқат баромад мекунад.
Воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар садади нобудӣ қарор дод, натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи ТЭТ «ҲНИТ» гардидан буд. Чунки он на дунболи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва на дунболи ҳимояи ислом мерафт. Акнун он бо ҷомаи наву ақидаи кӯҳна дар хоки кишварҳои гуногун иқомат дорад ва миёни халқу миллатҳо тухми кинаву дишманиро коштанӣ мешавад.
Агар ба воқеаҳои он давраинаи Тоҷикистон рӯй орем, дар он нақши ташкилоти террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» баръало намудор мегардад. Ҳамон замон қувваҳои ифротӣ барои мансабу манзалат халқро барзидди ҳам шӯронда буданд ва натиҷа он гашт, ки садҳо ҳазор нафар бехонаву дар, садҳо гуреза шуда, садҳои дигар маҳз аз дасти «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ҳалок гардиданд.
Аз ин рӯ, тафаккур, андеша, рафтору кирдор ва ҷаҳонбинии тундгароёни исломии ташкилоти террористӣ ва экстремистии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» тамоми дастовардҳои инсониятро дар замони муосир инкор намуда, таассуроти дар заминаи андешаҳои бофтаву сохта ва бардурӯғ падидовардаи хешро ҳамчун ҳақиқати пешниҳод менамояд.
Рустами Суфиён
бознашр аз сомонаи ОРИЁН
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-03-2018, 08:36:52 | Диданд: 870