МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТААССУБИ ДИНӢ ЭҶОДГАРИ МОНЕАИ САХТ ДАР ПЕШРАВИИ ҶОМЕА

ТААССУБИ ДИНӢ ЭҶОДГАРИ МОНЕАИ САХТ ДАР ПЕШРАВИИ ҶОМЕА

Пеш аз баёни матлаб мебояд ёдовар шуд, ки далелҳои дар ин ҷустор овардаи моро хонандагони гиромӣ динситезӣ нагуморанд, балки бидонанд, ки таассуб дар дингустарӣ ва такя задани дингароён ба курсии давлатдорӣ, иллати асосии вопасмонии ҷаҳони Шарқ аз пешравиҳои фании ғарбиён гардидааст. 
Азму разми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бар он аст, ки рӯҳи миллии мардум бо рӯҳи давлатӣ даромезанд. Яке аз нукоти калидӣ будани ин андешаро аксари мардумони бофазлу дониш пазируфтаанд ва аҳли китобу таҳлил огоҳанд, ки дар ҳама замонҳо боздорандаи рушду пешрафт ва навсозии ҷомеа яке нооромиҳову гирифториҳо ва дигаре чирамандии таассуби динӣ ба кишвар ва мардумонаш мебошад. Таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон, чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб гувоҳ бар он аст, ки чун дин ба сохтори давлатдорӣ даромехт ва ашхоси дингаро қудрати сиёсиро ба даст гирифтанд, фарҳанги хурофот ҷойгузини қудрати тафаккур гардида, илм рӯ ба рукуд ва иқтисод ба варши кастагӣ овард.
Аммо дар садсолаи XVIII, ки замони ренесанс – боззоӣ (эҳёгароӣ), равшангароӣ номида шудааст, дар Аврупо як силсила файласуфони равшангаро ба майдон баромаданд, ки ақидаҳои онҳо ба вожгун сохтани низоми мазҳабӣ ва бунёди масеҳияти дунявӣ расонд. Дар ҷаҳони Ғарб то ин замон калисоҳо ки миаслӣ ва қудрати ҷомеа буд, ки ба рушду густариши илму фарҳанг садд мегузошт (монанди мурофиаи Галилей, Коперникова ба оташ афкандани донишмандоне чун Ҷордано Бруно), аммо бо пирӯзии инқилоби бузурги Фаронса назарияпардозони ҳаракати равшангарӣ, поёни ҳукмронии динро дар дунё навид доданд, зеро дар Аврупо дин аз давлат ҷудо шуд. Дар натиҷаи фосила гирифтани биниши даҳриву дунявӣ аз андешаҳои динӣ, дарёфтаҳои Галилей, Коперник, Ниютон, Ҷеймс Ватт, Бэкон ва садҳо донишмандони ихтироъкори дигар инқилоби саноатӣ ба вуҷуд оварда, ҷаҳони Аврупоро дигаргун сохтанд ва ҷаҳони севвум, Шарқ ва Африқоро бардаи худ гардонданд. Дар пиромуни посухи илмӣ пайдо кардан ба пурсиши доимии мо, яъне иллатҳои қафомондагии кишварҳои мусалмонӣ аз пешравиҳои илмӣ – техникӣ ва дасткутаҳӣ ба технологияи навин, бисёре аз донишмандони Шарқ, ба вижа назарияпардозони динӣ, далелҳоеро пеши рӯ меоваранд, ки ҳуши мардумони ҷаҳони вопасмондаро аз воқеъияти таърихӣ ба норостиҳо мебарад.
Назарияпардозони давлатҳои исломӣ маҳз наҳзати исломиро ренесанси – равшангароии асри XX дониста, рушди тамаддуни Ғарбро вомдори дини ислом медонанд. Чуноне ки охунде дар китоби пурҳаҷмаш нигоштааст: «Бо камоли таассуф мусалмонон пас аз бино ниҳодани чунон тамаддуни дурахшоне, бар асари инҳироф аз дин ва олӯдагӣ ба мафосид, дунёпарастӣ, сустиву коҳилӣ, ба инҳитоти ақибмондагӣ гароиданд. Бинобар ин агар рушди тамаддуни Ғарб то ҳадде бо фосила гирифтан аз таъолими калисоӣ ҳамроҳ аст, дар ҷаҳони ислом ин қазия комилан баръакс аст. Яъне мусалмонон фарозҳои торихии худро мадюни ислом ва фурудҳои онро вориси фосила гирифтан аз динанд.» Чуноне аз ин гуфта бармеояд иллати вопасмонии мусалмонон, канор рафтан аз дин будааст. Яъне  мардум бояд бештар ба дарёи дингароӣ ғутавар гашта, ба монанди кишварҳои имрӯзи Эрон, Покистон ва Афғонистон, динро ба давлат бипайванданд.
Аммо аз таърих медонем, ки дар Шарқи мусалмон посухи тамоми саволҳои фалсафиву илмӣ аз тарафи дастгоҳи қудрат ба рӯҳониён дода шуда буд ва ниёзе ба тафаккури инсонӣ боқӣ намемонд. Фалсафаи исломӣ фақат таҳқиқу ҷустуҷӯҳои илмиро дар чорчӯби усули дин иҷоза медод. Андешаи исломӣ таъақулгаро набуд. Омили бузурги ақибмондагии Эрону Хуросон ва соири кишварҳои исломӣ пеш аз ҳама саркӯби андешамандон, рақобати ҳокимони маҳаллӣ барои нишон додани садоқати худ ба халифаҳои исломӣ, дар зимн таъқиби равшангарон бо номҳои «зандиқа» ва «қарматия», вазъи бади иқтисодӣ буд. Фалсафаи саросар ирфонии фақеҳоне ба монанди Суҳравардӣ, Ғазолӣ ва Муллосадро, пеши роҳи андешаҳои фарҳехтагонеро чун Умари Хайём, Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ гирифта, ҳаргиз намегузошт ба монанди Аврупо дар Эрону Вароруд асри рененсанс ба вуҷуд ояд. Ғазолӣ муборизаи сахт бо ҷараёнҳои фалсафӣ ва андешмандони  асил мебурд. Ғазолӣ китоби худро зери унвони «Таҳофут – ул фалосифа» (تهافت الفلاسفة‎), барои инкори фалсафа навишт ва фалсафаи ақлиро куфр эълом дошт. Зиддияти Ғаззолӣ бо илму фалсафа чунон сахт буд, ки бозии шатранҷ ва илмҳои ҳисобу ҳандаса ва риёзиётро зараровар хонд ва гуфт омӯхтани риёзиёт ба дин зарба меоварад ва бо ин иддаои худ хилофати аббосӣ ва ҳокимияти диниро ҷонибдорӣ кард. Воқеан имрӯз низ андешаи аз омӯзиши ҳисобу ҳандасаву риёзиёт даст кашидан дар миёни рӯҳониёни мутаассиб ҷой дорад. Чунон ки устондори (раиси вилояти) Ардабил Эрон), ки худ доктори риёзӣ аст, гуфтааст: «Бисёре аз мавзӯъоти риёзӣ барои духтарон лозим нест, ҳамин ки битавонанд бачаҳоро бишуморанд, кофист аз теъдоди бачаҳо, ки интеграл намегиранд.» Ҳокими Ардабилро, ки гарчи худ доктори илмҳои риёзӣ ҳам бошад, таассуб ба чунин натиҷагирии асримиёнагӣ овардааст, дар ҳоле ки шаҳрванди дигари Эрон хонум Марям Мирзохонӣ нобиғаи риёзии ҷаҳон дониста шуда, сазовори ҷоизаи Нобел гардидааст. Чуноне дида мешавад таассуб аз замони Ғазолӣ то ҳоло тағйир накардааст. Дуруст фармудааст равшанандеши эронии муқими Амрико, ки Ғаззолӣ ақли юнониро дар ҷаҳони ислом ба қатл расонид. Ҳамон гуна ки доктор Козим Аламдорӣ навиштааст «Ҳуҷуми қабоили ҳамсояи араб ва туркону муғулон ба Эрон нақши бисёр муҳиме дар ақибмондагии Эрон доштаанд. Дар Эрон ҷое барои хостаҳои шахсӣ ва гароишҳои фардӣ боқӣ намемонд. Дар Шарқ дину давлат ду рӯйи як сикка ҳастанд. Бо вуруди аъроб ба Эрон тафаккури иронии исломӣ аз ҳамон оғоз ба бероҳа рафт ва фалсафаи ақлии юнонӣ натавонист дар Эрон реша бигирад. Мутафаккирони фалсафаи эронӣ аз Форобӣ то Ибни Сино ва Берунӣ ва Мулло Садроро олуда ба ваҳйу ирфон шуд, ба тавре ки ақли юнонӣ дар тафаккури онҳо мағлуби вайҳи исломӣ шуд. Иттиҳоди арабу туркон дар Эрон заминасози ақибмондатарин таъобир аз исломи суннатӣ шуд. Дар Эрон ислом ҳам монанди ҳар дини дигаре дар хидмати султагароёнаи аъроб ва туркон қарор гирифт. Агар ҳуҷуми маргбори аъроб ва туркону муғулони ақибмонда ба Эрон вуҷуд надошт, ҷомеаи мо хеле зудтар аз ҷомеаи аврупоӣ ба даврони буржуазӣ ва пешрафт гом мениҳод. Замоне, ки муғулон ба Эрон мусаллат шуданд, офати амиқи фарҳангӣ, илмӣ ва фалсафӣ бар Эрон ҳоким шуд ва сипас ба ҷои тафаккури илмиву фалсафӣ, панду андарзнависӣ роиҷ шуд.»
Зарбаву осеби рӯҳиву фарҳангии ба сари мардуми мо ба бороварда беш аз харобиҳои физикиву хисороти иқтисодии он буд. Дар Эрону Хуросон дини фарогири ҳама касу ҳама чиз ҳамчун бахши ҷудоинопазири ҳукумат боқӣ монда, фалсафаи ақлӣ ба ирфон олӯда шуда, аз фардгароӣ фосила гирифт, ки далели он ҳампайвандии дин ва давлат буд. Дар ин бора гуфтаҳои ватанпарасти номии Эрон, Амири Кабир, гӯёву расо мебошанд: «Даврони ақибмондагии мо замоне шурӯъ шуд, ки ҷойи андешиданро «тақлид», ҷойи талошу кӯшишро «дуо», ҷойи фикр кардан ба орзӯҳои бузургро «қаноат» ва ҷойи иродат ба рафтану расиданро «қисмат» ва ҷойи тасмими ақлониро «истихора» (талаби хайр–орзу кардани фоли нек) гирифт». Имрӯз низ назарияпардозони казоӣ аз кишварҳои мусалмонии гирифтори таассуб, аз роҳи пахши барномаҳои телевизионӣ, интишори маводи интернетӣ, чоп намудани адабиёти исломгароӣ, ба хаёли ҷавонони мо андешаҳои иртиҷоъиеро мекоранд, ки обишхӯри кайҳоншиносии динӣ ва фалсафаҳои динӣ буда, зимоми ҳукумат дар дасти созмонҳои динӣ буданро ташвиқ мекунанд ва бо таассуф ба чашм мехӯрад, ки дар миёни иддае аз ҳамдиёрони ба донишварзиву донишҷӯӣ сару кор дошта, назарияҳое ба сони хуршедмарказӣ (системаи офтоб), офариниши ҷаҳон, такомули табиӣ (эволютсия) ва соири дарёфтаҳои донишмандони Ғарбро зери тозиёнаи интиқод ва инкори қатъӣ қарор медиҳанд. Чуноне ба мушоҳида расид, бархе ҷавонони донишпажӯҳ дар ёддоштҳои компутерии худ тамоми асарҳои пажӯҳишгари иртиҷоъии Туркия, Аднан Октар (бо тахаллуси Ҳорун Яҳё)- ро, ки бо забони русӣ баргардон шудааст, гирд оварда, пайваста азбар мекарданд, дар сурате ки ин асарнависи тундгаро тамоми назарияҳои фалсафии равшангароии Ғарб ва кашфиётҳои созандаи илмҳои табииро бепоя арзёбӣ намуда, нигари ҷавонони акнун ба кофтуковҳои илмӣ пардохтаро ба андешарониҳои ҷазмиву хаёлии асрҳои миёнаи Шарқ банд месозад. Ва пайдост, ки ҳадафи ниҳонии Ҳорун Яҳё дар ситоиши ақидаҳои вопасмондаи асримиёнагӣ ва макрӯҳ эълом доштани кашфиёти андешапешагони бузурги Ғарб, обишхӯри стратегияи бузургихоҳии пантуронизм  мебошад, ки таассубгароёни пантуркист солҳост дар дил орзуи кишвари Туркияро дубора маркази хилофати усмонӣ дидан мепарваранд. Дар ин росто гумон мекунам мебояд дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои мамлакат, ба омӯзиши таърихи фалсафа аҳамияти хоса бахшида, ҳангоми арзёбии донишҳои шогирдон, ба сатҳи омӯхтаҳои фалсафии онҳо, баҳои воқеъӣ гузошта шавад. Равшанандешонро мебояд ба сони сарсупурдагони замони ренесанси Аврупо бештар бо ҷавонони донишпажӯҳ суҳбатҳову гуфтумонҳо доир намоянд, зеро муборизаи ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди онҳо нигаронида шудааст. Дар ин маврид донишманди донои тоҷик, доктор Саймумин Ятимов натиҷагириҳои олимонаву оқилона доранд: «Сабаби асосии муборизаи рӯҳониёни ифротӣ бар зидди зиёиён дар солҳои 20 – уму 30 – юм ва 90 – уми асри XX то замонҳои наздик дар он буд, ки одамони саводнокшуда дигар намехостанд муриду мухлиси афроди мутаассиби ҷаҳолатзада бошанд ва аз таҳти назорату фармонбардории онҳо берун мешуданд. Ба ибораи дигар, ҳамаи ин кӯшишҳои ҷаҳолатпарастон оқибатҳои ҷиддӣ доранд. Ин талошҳо ба он равона гардидаанд, ки одамонро дар ҳолати бесаводӣ, камшуурӣ, бетафаккурӣ ва ҷоҳилӣ нигоҳ доранд.»
Набояд аз дида дур дошт, ки яке аз нуктаҳои асосии ба омӯзишу парвариши ҷавонон нигаронидаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтироъкории ҷавонон таъкид дорад ва чуноне дар боло нигари донишмандони бузургро дар мавриди иллатҳои вопасмонии кишварҳои Шарқ ёдовар шудем, чирамандии таассубгароӣ дар ҷомеа ва ҳампайвандии дин ва давлат боиси аз ибтикору ихтироъ бозмондани андешаҳои ноби ҷӯсторони илмҳои дақиқ хоҳанд буд.
Дар поён ин гуфтаҳои донишманди эрониии ночор Аврупоро зистгоҳ ихтиёр карда, оқои Алии Мирфатрусро нақл мекунем, ки росту омӯзанда мебошанд: «Равшангарони  Эрон,  Афғонистон ва Тоҷикистон дар солҳои гузашта заҳри идеологияҳои динӣ, ё лениниро чашидаанд ва аз ин роҳ хисороти ҷуброннопазире мутаҳамил шудаанд. Шояд ба дур аз воқеъият набошад агар бигӯем, он чӣ бар Ирон ва Афғонистон дар солҳои ахир гузаштааст, аз ҷумла маҳсули идеологиязадагии раҳбарони сиёсӣ ва равшанфикрони Ирону Афғонистон будааст. Ҳеҷ лозим нест, ки иштибоҳоти хунину ҳавлноки мо (эрониёну афғонистониҳо)- ро масалан тоҷикҳо ҳам бихоҳанд такрор кунанд».

Бознашр аз сомонаи http://kgu.tj 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-04-2018, 15:43:36 | Диданд: 1124