Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8675]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5769]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5128]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4629]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3938]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3934]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3932]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3928]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3636]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 5
- Хамаги омаданд: 53606
ГУМРОҲШАВИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ВА ПАЙРАВИИ ОНҲО БА ҲНИТ
Мо дар давраи вазъи мураккаби сиёсӣ, шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб зиндагӣ мекунем. Ҷомеаи моро сели ахборотҳо, чӣ ба воситаи ахбори омма ва чӣ ба воситаи Интернет пахш мекунад. Маҳз имрӯз ҷомеаи мо ба шахсоне эҳтиёҷ дорад, ки метавонанд боиси баланд шудани шуури зеҳнии ҷавонон гарданд.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ омӯзондани сиёсати давлат ва ҳукумат, баҳра бурдан аз илм, фарҳанг ва кашфиётҳои ҷаҳонӣ дар давраи глобализация вазифаи муқаддаси ҳар як омӯзгор, падар, модар, ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомъа мебошад. Маҳз таъсири мусбии онҳо ба муваффақ шудан ба ҳадафҳои нек оварда мерасонад.
Сабаби асосии гумроҳшавӣ ин идиологияи нодуруст аст. Яъне бархеҳо идеологияи исломро нодуруст фаҳмида, ба роҳи хато мераванд. Аммо худи ислом як идеологияи олӣ аст. Асоси идеологияи ислом Қуръон ва суннати Пайомбар (с) аст. Яъне агар ин ду чизро мадрак қарор диҳему амали имрӯзаи гумроҳшудагонро бубинем, ба хулосае меоем, ки онҳо бо роҳи таассуб аз ислом берун баромадаанд. Яке аз сарчашмаи дигари гумроҳшавӣ китобҳои нодурусте аст, ки дар хориҷа нашр мешаванду дастраси мардум мегарданд.
Барои он ҷавонон гумроҳ мешаванд, ки дониши мукаммал надоранд. Барои мисол, имрӯз агар дар як оила панҷ нафар фарзанд бошанду як нафари онҳо дар донишгоҳ таҳсил намуда бошад, ақидааш аз ақидаи дигарон фарқ мекунад ва гоҳо зидди ақидаи онҳо аст. Чунки онҳое ки донишгоҳро хатм накардаанду дар назди кадом як «мулло» дарс гирифтаанд, ақидаи нодурустро тарғиб мекунанд. Сабаби аслӣ ин аз мактаб дур мондани онҳо аст.
Яке аз дигар омилҳои гумроҳшавӣ рӯй овардани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ин аз назорати падару модар дур мондани онҳо аст. Бояд фарзандон ҳамеша дар зери назорати падару модари худ бошанд. Сабаби дигараш ин дур мондан аз таълимоти бобоӣ- ниёгон аст. Яъне мо бояд таълимоти ниёгони худ - таълимоти Имоми Аъзамро аз худ дур накунем ва онро ҳам дар мактаб ва ҳам дар дигар ҷойҳо ҷорӣ намоем.
Ҷавонон ҳамеша мекӯшанд аз ҷое манбаи даромади хуб ёбанд. Ҷавононе, ки аз ӯҳдаи таъмини падару модар, зану кӯдак намебарояд ва аз дасташон ҳеҷ кор намеояд, даст ба ифротгароӣ мезананд.
Гумроҳшавӣ - ин ҳам омили дохилӣ ва ҳам омили берунӣ дорад. Омилҳои берунӣ ин васоити ахбор, телевизион, адабиёти ифротӣ ва интернет аст, ки дар зеҳни ҷавонони мо таъсири манфӣ мегузорад. Амалҳои дохилӣ ин низоми қавӣ ва мустаҳкам надоштани маорифи мо дар таълими ватандӯстӣ, қадри сулҳу осоишу амният, дарак надоштан аз муҳити байналлмилалӣ ва рақобатҳои абарқудратҳо дар минтақаҳои мухтаалифи дунё ва дуруст огоҳ набудан аз иқтисодиёти дунё аст. Сабаби дигараш бекории ҷавонон, таъсири муҳоҷирати корӣ ва беназорат будани онҳо аст. Ва як омили муҳими дохилӣ он аст, ки ин дар робита ба бекорӣ дар муҳоҷират будани ҷавонҳои мо ки баъди хатм ва ё хатмнокарда ба Русия ва ё дигар кишварҳо мераванду зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ қарор мегиранд. Онҳо дар зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ мемонанд ва ва худ тундгаро шуда, баъдан ба минтақаи Шарқи наздик равон карда мешаванд. Аслан ҷавонони гумроҳ аз се поя бармехезанд. Якум, гурӯҳи ҷавонони ҷинояткоранд, ки дар ин ҷо бо кадом сабабе сояҳои кушодани парвандаҳоро эҳсос мекунанду фирор мекунанд. Дуюм, ин гурӯҳҳои «фанатик»- ҳоеанд, ки на дониши дурусти динӣ ва на дониши дурусти дуниявӣ доранд ва ба найранги гурӯҳи ифротӣ ворид мешаванд. Сеюм, онҳое ҳастанд, ки манфиатҳои молӣ мехоҳанд, чунки сарпарасту низомдиҳандагонашон дар мамалкатаҳои абарқудратанд ва мабалғи бисёр барои онҳо пешниҳод мешавад.
Баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрванди дар саҳнаи ахлоқии ҷомеаи мо ҳама чиз ёфт мешавад: ҳам ҷавонони баору номус ва ҳалиму ҷӯянда ва ҳам авбоши худсару хирасари бетарбия ва ҷинояткор ва ҳам духтарону писарони ҳайрону парешони роҳгумзада, ки ҳанӯз ба кадом роҳ рафтани худро намедонанд.
Вазифаи қувваҳои солимфикри ҷамъият ва созмонҳои гуногуни ҷавонон аз он иборат аст, ки маҳз ба ҷавонони ҳалим ва бономус такя карда, гурӯҳи писару духтарони роҳгумро ба тарафи худ ҷалб намояд, ба майдони зиндагию ободӣ, ба сӯи инсондӯстӣ ва ватанпарварӣ, ба ҷониби дунёи мутамаддин ҳидоят намояд. Агар дар иҷрои ин вазифа таъхир карда, бепарво бошем, оқибат меваи басо талху заҳрогинро чашиданамон лозим меояд.
Ҷанги шаҳрвандии зиёда аз панҷсола дар баробари хисороти молию ҷонӣ, зарари зеҳнӣ, ақлонӣ, ҳувиятӣ, мафкуравӣ маданӣ низ бар ҷой гузошт. Ин буд, ки бо фароҳам омадани фазои сулҳу суббот ва оромиш ҷомеа бар асари фосила гирифтан аз роҳи мутолиаву дониш ва таҷрибаву мушоҳида, ки маҳаки ҷаҳонбинии фалсафӣ ва илмӣ маҳсуб меёбанд, дубора ба гирдоби хурофоту таассуби динӣ – маҳзабӣ гирифтор шуда, дар баробари мушкилоту хатарҳои глобалӣ осебпазир гардид.
Аз вазъияти мураккаби иқтисодӣ истифода бурда, олами ҷинои кӯшиш мекунад, ки ҷавонони муштзӯру беадаб ва наврасони оворагардро батаҷрид ба тарафи худ бикашанд. Ин ҳам раванди басо хатарнок мебошад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон « Маҳз аз ҳисоби наврасону ҷавононе, ки тасодуфан ба чанголи ҷинояткорон меафтанд, дастаҳои нав ба нави ғоратгарону террористон созмон меёбад».
Як чизро ба ҷавонони раҳгумзада таъкид карданиям. Онҳо бояд аз роҳи хатои худ баргарданд. Ҳаргиз ба осиёби душманони миллат об нарезанд. Бисёриҳо хато карда ҳоло сахт пушаймонанд, баъзеҳо паси панҷараҳои зиндонанд. Бисёр аъзоёни ҲНИТ имрӯзҳо дар Туркияю Аврупо зиндагӣ мекунанд.
Ҳоло, ки дер нашудааст ҷавонон бояд аз пайроҳаи лағжонак баргарданд. Осудагии Ватанамон аз ҳама чиз қимматтар меистад. Онҳо бояд нагузоранд, ки ба сари Тоҷикистони азиз ҷангу ҷидол, бесарусомониҳое, ки дар Сирияву Афғонистон, Либияву Яман, Туркияву Украинаро домангир кардааст ояд.
Муҳимтарин, комилтарин ва устувортарин алоқаи ҳар як шахс бояд бо Ватан бошад. Ҳанӯз садсолаҳо қабл аз ин Афлотуни хирадсолор гуфта буд: « Алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба Ватан нест». Дӯст доштани Ватан, ба он самимона меҳр бастан ва баҳри ҳифзаш, баҳри ободиаш ҳиссагузор будан аз муҳимтарин хислатҳои ҳар инсони фаъолу равшанзамир аст. Ниёгони шарафманди мо ба Ватан муҳаббати бузург доштанд ва дар зарурат баҳри он ҷон нисор кардаанд.
Корнамоии Деваштичу Спидамен, Темурмалику Восеъ барин фарзандони содиқу фидокори Ватан, ки баҳри ҳифзи халқу марзу миллати хеш ҷонисорӣ кардаанд дарси ибрат барои ҳамагон аст.
Аслан ҷавонон бояд ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар фаъолият намуна бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро «Соли ҷавонон» эълон кард. Ҷавонон – қувваи бузурганд. Онҳо ояндаи диёру миллатанд.
Имрӯз фаҳмондадиҳии тарзи ҳаёти солим ба ҷавонону наврасон, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва умуман қонуншиканӣ, аз роҳҳои хатарнок, нашъамандӣ ва дигар амалҳое, ки ба генофонди миллат зарба мезананд вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон мебошад. Набояд гузошт, ки ҷавонон ба доми фиребу найрангҳо афтанд.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-04-2018, 15:45:05 | Диданд: 1222