Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8676]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3935]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3637]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 8
- Хамаги омаданд: 53613
Машқҳои пешгири дар ноҳия
Наҷотдиҳанда – касби пурифтихор
Пешгирии офатҳои таббиӣ ҳатмист, зеро таъсири он камбизоатиро меафзояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои асосии соҳаи мудофиаи граждании оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Восеъ, амри раиси вилояти Хатлон ва амри раиси ноҳияи Восеъ дар омода намудани аҳолӣ барои ҳолатҳои фавқулодда, тарзи рафтори дуруст дар вазъиятҳои фавқулодда ва наҷот додани ҳаёти инсонҳо, ки яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад, раёсати Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шуъбаи Кумитаи ҲФ ва МГ – и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, шуъбаи Кумитаи ҲФ ва МГ – и ноҳияи Восеъ дар ҳамкори бо ташкилоти Оксфам масъулияти бузургро собит намуданд. Рӯзҳои 26 – 29 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Васеъ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои МГ – и ноҳия ҳангоми боридани боронҳои пайдарпай, омадани сел ва зери хавф мондани ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъ” машқи амалӣ ташкил намуда дар сатҳи хеле баланд, намоиш дода шуд. Мақсад аз гузаронидани машқи мазкур тайёр намудани ҳайати роҳбарикунанда барои ҲФ ва чӣ гуна амал намудан дар ин ҳолатҳо ва наҷот додани ҳаёти инсонҳо мебошад. Чӣ тавре, ки дар урфият мегӯянд “Шунидан кай бувад монанди дидан” тавассути иҷро кардан ва дидан дар машқи мазкур тарзи рафтори дурустро дар ҳолатҳои фавқулодда боз ҳам бештару хубтар аз худ намуда, ба хотир мегиранд ва дар ҳолатҳои зарӯрӣ мавриди истифода қарор дода метавонанд.
Барои гузаронидани машқи мазкур ва тайёр намудани аҳолӣ барои намоиш додани тарзи рафтори дуруст дар ҳолатҳои фавқуллода заҳмати роҳбари машқ: Сардори шуъбаи КҲФ минтақаи Кулоби вилояти Хатлон полковник Саидзода Абубакри Саид, Сардори ситоди машқ: подполковник Шарифов Дилшод Давлатович, Сардори шуъбаи КҲФ ва МГ – и ноҳияи Восеъ майор Усмонов Субҳон Мирзоҷонович, дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи минтақаи Кӯлоб, раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мусо Зариф, Комиссиҳои ҲФ Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан ва Худоёрзода Алихон, комиссияи эвакуатсионӣ Лола Ғуломова ва устуворгардонӣ Султон Сабуров, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, аҳолии шаҳрак ва деҳот, гурӯҳҳои ихтиёрии наҷотдиҳӣ дар сатҳи деҳа (ГИН) ҳамоҳангсози барномаи “Коҳиши хатари офатҳои табиӣ Оксфам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Баҳромшо Раҳматуллоев, корманди ташкилоти Оксфам Зубайдулло Каримов хеле назаррас буд.
Мавзӯҳои машқ дар вазъиятҳои баамаломадаи гуногун ва тарзи рафтор дар ин вазъиятҳо аз қабили: хавфи омадани сел, баландшавии сатҳи дарё, эвакуатсия шудани аҳолии аз мавзеи хавфнок ба мавзеи бехавф,наҷот додани ҷароҳатбардоштагон ва беморон, пиронсолон, кӯдакон аз тарафи гурӯҳҳои махсус, назорати ҳифзи тартиботи ҷамъияти ҳангоми рух додани Ҳ Ф, ташкили шароити зисти муваққатӣ, таъминоти бехатарии роҳ аз ҷониби хадамоти нақлёт ва роҳ, таъмини оби нӯшокӣ , ҳамом ва ҳоҷатхона аз ҷониби хадамоти комуналӣ- техникӣ, безарар гардонидани мавзеи ҳолати фавқулоддаи рухдода, сару либос ва шаҳрчаи хаймавии муввақатӣ , кӯчонидани чорвои аҳолӣ ва ваксинакунонии онҳо,ҳифзи ҳайвонот ва наботот, таъмини озуқа ва хӯрок, , таъмини барқи муввақатӣ дар шаҳрчаи хаймавӣ, назорат ва фаҳмонидани чорабиниҳои зиди сӯхторӣ иҷро карда шуданд. Дар даъват ва “Бонги ҷамъшавӣ” ба чорабинии мазкур саҳми хадамоти алоқа ва хабардоркунии ноҳия гузошта шуд.
Бояд қайд намоям, ки нақшҳои асосии машқҳои мазкурро дар сатҳи ноҳия, Раис – Сардори мудофиаи граждании ноҳия, Сардори Шуъбаи Кумитаи ҲФ ва МГ дар ноҳияи Восеъ, комиссияҳои соҳаи мудофиаи граждании ноҳия,ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, гурӯҳҳои ихтиёрии наҷотдиҳӣ, ва мардуми шарафманди ноҳияи Восеъ иҷро карданд. Дар ин кори басо муҳим ҳамаи мардуми ноҳия хурду калон, пиру ҷавон фаъолият намуда, масъулияти хеле баланд нишон дода, ҳар як фарди ҷомеа вазифаи инсонии худро дар гузаронидани машқ исбот намуданд.
Якчанд лаҳза аз тартиби гузаронидани машқ:
Лаҳзаи 1.Ситод ва навбатдории шабонарӯзӣ хабар медиҳад, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Муъминобод ва Ховалинг рӯзи дуюм аст, ки боронҳои пайдарпай борида истодааст. Раёсати Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар бораи хавфи омадани сел барқия мефиристад. Баландшавии сатҳи дарёи Ёхсу ва Сурхоб дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъ хавфи рахна шудани садди соҳили дарёҳоро ба вуҷуд меорад. Вазъият хеле мушкил мешавад ва чораҳои фавриро талаб менамояд.
Лаҳзаи 2.Дар асоси барқия Сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Восеъ фармони раиси комиссияи комиссияи ҳолатҳои фавқулодда – раиси ноҳияи Восеъ барои ташкили Ситод ва навбатдории шабонарӯзӣ дар ҳудуди ноҳия, шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳо ва ташкилотҳо ба имзо расонида ба иҷрокунандагон ирсол менамояд. Ситод оид ба пешгирӣ ва рафъи ҲФ дар ҳудуди ноҳия ва Ситод оид ба пешгирӣ ва рафъи ҲФ ва навбатдории шабонарӯзӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳо ташкил карда мешаванд. Зергурӯҳи огоҳнамоӣ ва алоқаи ГИН- и (Гурӯҳи ихтиёрии наҷотдиҳӣ) деҳа навбатдории шабонарӯзиро дар деҳа ба роҳ мемонад. Комиссияи ҲФ – и (Ҳолатҳои фавқулодда) ноҳия вазъияти ба амаломадаро таҳлил намуда, қарор қабул менамояд. Комиссияи шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот барои эвакуатсияи аҳолӣ чораҳои зарӯрӣ андешида ба ҷойи бехатар кӯчонида,ёрии тиббӣ, хӯрока ва дигар ашёи ниёзи мардумро таъмин менамоянд.
Лаҳзаи 3.Хадамотҳои МГ назорат ва кӯмаки амалиро дар мавзеъҳои бехатар ба аҳолӣ мерасонанд. БДА бехатарии ҳаракати нақлётҳоро дар роҳ таъмин намуд. Роҳбари комиссияи фавқулодда – раиси ҷамоати деҳот қувва ва воситаҳои тобеи худро барои мустаҳкам намудани садди дарёи Ёхсу сафарбар менамояд. Қарор ба шахсони дахлдор расонида мешавад. Шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот дар асоси барқияи Комиссияи ҲФ ноҳия ба сардорони ГИН (Гурӯҳи ихтиёрии наҷотдиҳӣ) барои ташкили эвакуатсияи аҳолӣ супориш медиҳанд. Раиси ҷамоати деҳот ва ГИН аҳолиро барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ равона менамояд. Инчунин дар сатҳи деҳа/ маҳал роҳбарони ГИН – раисони маҳала, аъзоёни ГИН – ро ҷамъ намуда, барои ташкили эвакуатсияи аҳолӣ чораҳо меандешанд. Зергурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ва санитарию тиббии ГИН ба иҷрои вазифаҳои худ мепардозанд.
Лаҳзаи 4.Сардори шуъбаи К ҲФ ва МГ дар ноҳияи Восеъ барқия барои сафарбар намудани Дастаи зудамали наҷотдиҳии шуъбаи КҲФ ва МГ минтақаи Кӯлоб барқия ирсол менамояд. Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии ба ҷойи ҳодиса рафта корҳои наҷотдиҳиро ба роҳ мемонанд. Барои ташкили шароити зисти муввақатӣ, таъмини оби нӯшокӣ дар мавзеи эвакуатсияшавии аҳолӣ ГИН бо кӯмаки хадамотҳои ноҳиявӣ – ташкили шаҳрчаи хаймавӣ, таъмини хаймаҳо барои беморон ва модару кӯдак, таъмини хӯрока ва ҳифзи шаҳрчаи хаймавии шаҳрвандонро таъмин менамоянд.
Лаҳзаи 5.Машқ барои вазъияти дигари ҳолати фавқулодда, дар бораи муътадил шудани вазъияти обу ҳаво дар назар доштани ҳавои соф барои рӯзҳои наздик чунин намоиш дода шуд: Шуъбаи КҲФ ва МГ – и вилояти Хатлон барқия фиристод, ки “Муътадил шудани обу ҳаво ва ҳавои соф дар рӯзҳои наздик дар назар дошта шудааст ”. Комиссияи ҲФ – и ноҳия супориш барои бозгашти эвакуатсияшудагонро ба макони доимии зисташон ирсол менамояд. Хадамоти безараргардонии сару либос ва одамон (СЭС), тиббӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нақлёт ва роҳ барои бозгашти эвакуатсияшавандагон шароит фароҳам меоваранд. Ҷамоати деҳот иҷозати бозгашти эвакуатсияшудагонро ба ГИН медиҳад. ГИН бо ёрии хадамотҳои дар боло зикр гардида аҳолиро ба макони зисти доимӣ бармегардонанд.
Аз машқи мазкур ҳамаи он нафароне, ки иҷро мекарданд ва меҳмононе, ки тамошо мекарданд изҳори қаноатмандӣ намуда, баён мекарданд, ки аз ин машқ мо барои худ дар наҷот додани ҳаёти инсонҳо як ҷаҳон таасуротҳо бардоштем. Тавассути ин гуна машқҳо мардум метавонанд донишу малака ва маҳорати кордонии худро оид ба тарзи рафтори дуруст ҳангоми дучор шудан бо ҳолатҳои фавқулодда такмил дода дар вазъиятҳои баамаломада истифода кунанд. Машқ дар дараҷаи олӣ бо тамоми шароитҳои лозима ва дастгирии мутахассисони соҳавӣ баргузор гардид. Мардуми ноҳияи Восеъ ба ташкилкунандагони чунин чорабиниҳои ҳаётан муҳим, ки барои наҷоти инсонҳо пешбинӣ карда мешаванд, миннатдории худро баён намуда, иброз намуданд, ки бигузор ин вазъиятҳоро мардуми шарифи Тоҷикистон доимо дар машқ бубинад на дар асл.
Мавзӯи машқ ҳам, ки “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои МГ – и ноҳия ҳангоми боридани боронҳои пайдарпай, омадани сел ва зери хавф мондани ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъ” буд ҳайати роҳбарикунанда низ аз уҳдаи вазифаҳои хизматии худ дар наҷот додани аҳолӣ бо сарбаландӣ баромаданд. Бори дигар дониш, малака ва маҳоратҳои кордонии худро дар ин самт такмил дода, барои вазъиятҳои фавқулодда омода шуданд.
Дар охир дар маркази машқ тамоми қувва ва воситаҳои машқ ҷамъ гардида, аз раванди гузаронидани машқ натиҷагирӣ карда ба фаъолон, ки дар гузаронидани машқи мазкур саҳми арзанда гузоштаанд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва ташкилоти Оксфам бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.
Ҳадисамо Ҷумаева
Аълочии маориф ва илм.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 03-04-2018, 07:33:05 | Диданд: 1034