Вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар минтақаи Ховари Миёна ба марҳилаи нави хатарноки худ ворид гаштааст. Дар масъалаи ояндаи давлати Сурия ва умуман Ховари Миёна нофаҳмиҳои зиёд байни гурӯҳи давлатҳои минтақавӣ вусъати шадид пайдо карда истодааст. Вазъиятро мухтасаран чунин баҳогузорӣ намудан мумкин аст:
Якум, доир ба бозсозии иқтисодиёти харобгашатаи Сурия кишварҳои Россия, Туркия ва Эрон зимни вохӯрии охиринашон дар шаҳри Анқара даъват ба амал оварданд, ки бояд СММ як ҷаласаи махсусе дар ин самт баргузор намояд. Онҳо тарафдори дар сари қудрат боқӣ мондани президенти Сурия Башшор Асад ҳастанд ва бар ин ақидаанд, ки зербинои созмонии террористии ДИИШ аслан дар Ховари Миёна торумор шудааст. Аммо доир ба ин масъала ҳанӯз мавқеи кишварҳои арабии Халиҷ муайян нашудааст.
Дуюм, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ибтидои соли 2018 дар қаламрави Сурия як идда отрядҳои хурд-хурди мусаллаҳ дар минтақа-ҳои гуногуни ин кишвар фаъол шуданд. Ҳатто чанд муддат дар атрофи шаҳри Димишқ, Ғутаи шарқӣ ва мавзеи Думо муборизаҳои сахти мусаллаҳона байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин Сурияро дигарбора дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт. Гурӯҳҳое ба номи «Ҷайшу-л-ислом» (Сипоҳи ислом), «Ҷайшу фатҳи Шом» (Сипоҳи кушодани (роҳ ба) Шом (яъне Димишқ), Файлақу-р-Раҳмон» (Корпуси (фидоиёни роҳи) Худо) ва чандин гурӯҳҳои тобеи ҳаракати «Ҷабҳату-н-нусра» (Ҷабҳаи пирузӣ) амалиёти ҷангии фарогирро дубора таҷдид карданд. Чунин иқдом дар марзҳои ҳамҳудуди Туркия ба муқобили созмони «Нерӯҳои демократии Сурия», ки асосан мардуми курд мебошанд, низ дар ин муддат хусусияти буҳронӣ доштанд.
Сеюм, давлатҳои ғарбӣ ҳукумати Сурия ва пуштибонони онҳоро ба истифодаи маводи кимиёӣ дар рафти амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Сурия аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ, ба хусус дар мавзеи Думо гунаҳгор карда истодаанд.
Чаҳорум, дар самти ҷанги Яман низ талафоти тарафҳои даргир бештар гардида, ҳолатҳои истифодаи яроқҳои нав ва ракетаҳое, ки дар ҳудуди кишварҳои ҳамҷавор имконияти харобиовари ҷиддӣ дошта метавонанд, васеъ шуда истодааст. Дар баробари ин вазъият дар атрофи шаҳри Байтулмуқаддас ва мавзеи Канори Ғазза ноором аст. Сокинони Канори Ғазза мехоҳанд як раҳпаймоии бисёрнафара ташкил намуда, худро ба ҳамон минтақаҳои атрофи Байтулмуқаддас ворид намоянд, ки онҳоро аз он ҷо соли 1948 берун карда, ба Ғазза оварда буданд. Миқдори аҳолии Ғазза агар он вақт 250000 буда бошад, ҳоло ба 1,2 млн расидааст.
Панҷум, мушкилии хатарноки дигар иборат аз он аст, ки ҷангиёни парокандаи ДИИШ дар кишварҳои гуногун паҳн шуданд ва як миқдори онҳо ба тарзи фаъолияти пинҳонӣ гузаштанд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷамъ омадани миқдори муайяни ҷангиён аз ин созмони терро¬ристӣ дар қисмати шимолии Афғонистон ташвишу нигаронии кишвар¬ҳои ҳамҳудуд, аз ҷумла Тоҷикистонро, ба вуҷуд овардааст. Ин нуқта дар рафти конференсияи байналмилалии ахиран дар Москва баргузоршуда ва таҳлилу мушоҳидаҳои коршиносони ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ низ таъкид мегардад.
Аз ҷониби дигар, вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон собит менамояд, ки ҳангоми зуҳури ҳама гуна нохушӣ ва амалиёти хусусияти террористӣ дошта фавран омили ифротгароии исломӣ ба эътибор гирифта мешавад. Ҳодисае, ки рӯзи 7 апрели соли 2018 дар шаҳри Мюнстери Олмон ба вуқӯъ пайваст, зуд расонаӣ шуд. То муайян кардани сабаби асосии ин ҳодисаи нохуш, ки ронандаи асабҳояш хароби мошини боркаш 2 нафар¬ро кушта ва чандин нафари дигарро маҷрӯҳ кард, ҳама тахмин мекар¬данд, ки шояд ин амалиёт ба фаъолияти созмони «давлати исломӣ» иртибот дошта бошад. Баъдтар муайян гардид, ки ин ҳодиса бо омили динӣ робитае надорад. Вале вазъияти умумӣ ва рухдоди ҳодисаҳои гуногун аз мо талаб менамояд, ки дар масъалаи зуҳуроти гуногуншакли ифротгароӣ дар шароити кунунӣ аксуламали фаврӣ зоҳир намоем ва дар ҳолати омодабоши ҳамешагӣ қарор дошта бошем. Ва аз ҳама муҳимтар, зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии миллиро дар сатҳи муайяни сиёсӣ-идеологӣ ва динӣ-мазҳабӣ нигоҳ дорем, то ин равандҳои номатлуб ба вазъи сулҳу субот, оромӣ ва истиқрори комили ҷумҳурии азизи мо ба ҳеҷ ваҷҳ таъсиргузор нагарданд.
Файзулло БАРОТЗОДА
Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон