МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИСТИҚЛОЛ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Истиқлоли  миллӣ ҷавҳари ҳастисозест, ки шаҳриёрони шӯҳратёри мо Дорои бузург, Манучеҳри кишваркушо, Фаридун, Куруши бузург ва … барои он муборизаву ҷонбозиҳо карда, давлати абарқудрат ва тавонои Пешдодиён ва Сосониёнро бунёд гузоштанд.

Рустами Дастон - он Таҳамтани ҷаҳонпаҳлавон намоди рӯшан, такягоҳи ягона ва тавонои кишвари паҳновари мо буду ҳаст.

Коваи оҳангар, Деваштич, Спитамен, Шерак, Муқаннаъ, Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Темурмалик ва Восеъ қаҳрамонони диловару шуҷоъе мебошанд, ки намунаи барҷастаи рамзи мубориза дар роҳи озодӣ ва озодихоҳии мардуми тоҷикро ифода мекарданду хоҳанд кард.

Лайси Саффорӣ барои касби истиқлол бо душманони миллати мо мубориза бурд ва беш аз 50 сол давлати Тоҳириёнро таъсис дод. Забони миллӣ яке аз аркони усулии давлати Тоҳириён буд. 

Сипас, Исмоили Сомонӣ, ки худро бораи Бухоро эълом дошт, давлати Сомониёнро бунёд гузошта, миллати мо сад сол давлати мустақил дошт.

… Тоҷикон танҳо дар охири солҳои 90-уми асри бист баъд аз гузашти ҳазор сол тавонистанд, дубора ба истиқлоли сиёсӣ расида, соҳибихтиёрии миллӣ ба даст оваранд.  

Истиқлоли сиёсӣ аз истиқлоли миллӣ, марзӣ, фарҳангӣ ва забонӣ иборат буда, дар маҷмӯъ истиқлоли давлатиро ифода месозад. Пояи усулии истиқлоли сиёсиро истиқлоли иқтисодӣ ташкил медиҳад, ки яқинан, рукни муҳимми давлат, миллат, фарҳанг ва забони миллӣ аст.

Истиқол моҳияти ҳастии озоди инсонро ифода месозад. Асосу ҳастаи ҳастии озоди инсонро худшиносии миллӣ ташкил медиҳад. Инсон, вақте ки андешапарвар шуд, маънавияти ӯ камол меёбад. Камолоти маънавии шахс бешак аз шинохти ахлоқӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва  миллӣ сарчашма гирифта, дар натиҷа ба сатҳи дигари мақулаи шинохт, яъне худҷӯӣ ва худрасӣ ворид мешавад. Маҳз ба ин хотир, мақулаи нахустини шинохти инсонро худшиносӣ гуфтаанд. Воқеан, яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Карл Маркс дар садаи XVIII гуфта буд: “Худшиносӣ шарти аввали хирадмандӣ ва маънавиятгароист”.  Бинобар ин, дар урфи мардуми мо мегӯянд, ки “нахуст худро шинос, сипас Худоро”. Чунонки Азизи Насафӣ дар рисолаи “Зубдату-л-ҳақоиқ” чун ғаризаҳои инсонро тавсиф мекунад, ба ин натиҷа мерасад: «Ҳар кӣ худро нашинохт, ҳеч чизро нашинохт». Ба назари ӯ, роҳи ба нури маънавият расидани инсон осон нест: «Бисёр касон бошанд, ки ба ахлоқи нек ороста набошанд ва худро шинохта бошанд ва ҳанӯз ноқис бошанд. Ва бисёр касон бошанд, ки ба ахлоқи нек ороста бошанд, аммо худро нашинохта бошанд ва ҳам ноқис бошад. Пас, камоли одамӣ он аст, ки худро бишиносад ва ба ахлоқи нек ороста шавад».

Ғараз ва ғояти усулии мақулаи худшиносӣ камоли маънавӣ ва ахлоқии шахс мебошад. Агар инсон аз ин ду омили инсонсоз, яъне ахлоқ ва маънавият саршору шодоб гардад, дар он сурат савияи худшиносии ҷомеа низ баланд мешавад. Донишмандон роҳи асосии ба маънавият расидани инсон ва ҷомеаро ба худшиносӣ марбут донистаанд.  Худшиносии фардӣ, вақте муҳити зиёдеро фарогир мешавад, барои ба вуҷуд омадани худшиносии миллӣ замина мегузорад. Донишманди тавонои тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар натиҷаи пажӯҳишҳои фаровон дар ин замина ба чунин хулоса расидааст: «Худшиносии миллӣ ҳам ду ҷиҳат – ҷиҳати шахсӣ ва ҳамагонӣ дорад. Яъне вобаста ба он аст, ки, аз як тараф, ҳар шахс то чӣ андоза ба шинохти миллати худ расидааст ва, аз ҷониби дигар, этнос то чӣ дараҷа умумияти худ, ягонагии этникӣ, фарҳангӣ ва таърихии худро фаҳм кардааст.

Худшиносии миллӣ, худшиносии таърихии фарҳангӣ сарчашмаи қувваю иқтидори маънавии шахс ва халқ аст, шахс ва халқро ба арсаи таърих мебарорад, ба онҳо қудрати таърихофаринӣ ато мекунад, онҳоро ба офариниши дороиҳои фарҳангиву маънавӣ сафарбар менамояд».

Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ миёни худшиносӣ ва худогоҳӣ фарқ гузошта, онҳоро ҳамчун ду мақулаи алоҳида ва мустақили фалсафӣ ва иҷтимоӣ ба баррасӣ кашидааст: «Худогоҳӣ пояи баландтари худшиносист. Худшиносӣ як раванди мураккаби маънавӣ, кам-кам худро ва дунёро шинохтани инсон, марҳала ба марҳала моҳияти ҳастиро фаҳмидани ӯ бошад, худогоҳӣ натиҷаи ҳамин раванд аст, аз тарафи инсон дарк шудани моҳияти ҳастӣ мебошад, ки аз аввали худшиносӣ сар шуда, як умр давом мекунад. Аз шахсияти худ огоҳӣ ёфтан, маънои феълу атвор ва рафтору гуфтори худ, фикру ҳис, хоҳиш ва шавқу ҳаваси худро дарк кардан, чигунагии муносибати худ ба дунёро фаҳмидан ва баҳо дода тавонистан худогоҳист. Худро ба сифати як ҷузъи ҳаммиллатон шинохтан, моҳияти ҳастии иҷтимоиву таърихии миллати худро фаҳмидан, орзуву омол ва мақсаду вазифаҳои навбатии миллатро амиқан дарк кардан ва дар ин асос огоҳона дар ҷомеа амал кардан худогоҳии миллист, ки натиҷаи худҷӯиву худрасӣ ва худшиносист. Худогоҳии миллӣ чун муҳимтарин омиле ҳастии маънавии шахс ва халқро устувор карда, сари ифтихори инсонро баланд мебардорад, бозҷустҳои маънавию ахлоқии шахс ва ҷомеаро амиқ мебарад, миллатро ба пешрафт сафарбар менамояд.

Худшиносӣ бештар як мақулаи зеҳнӣ (категорияи субъективӣ) буда, ба шахсияти инсон ва дарки маънои мавҷудияти худ вобаста бошад ҳам, худогоҳӣ бештар категорияи ҷамъиятист ва дорои хусусияти айнӣ (объективӣ) буда, ба рӯйдодҳои бузурги замон алоқаманд аст».

Яъне, як ҷузъи таркибӣ ва муҳимми маънавиятро худогоҳии миллӣ ташкил дода, дар замони муосир он барои ҳифзи марзу буми Ватан, ягонагии миллӣ ва тамомияти арзии давлатҳо ва халқу миллатҳо, аз ҷумла халқи тоҷик нақши ҳалкунанда дорад.

Эҳсоси гарми ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва  ифтихору ғурури миллӣ аз мақулаҳои дигаре мебошанд, ки барои истеҳкоми худогоҳии миллӣ замина мегузоранд. Ҳофизаи таърихии халқи тоҷик аз сафаҳоти заррин ва пурифтихоре иборат аст, ки ғурур ва рӯҳи миллии моро бедор месозад, то Ватани маҳбубамон-Тоҷикистонро дӯст дорем ва барои ҳифзи истиқлоли он талош варзем. Ба таъбири устод Шакурӣ: «Ифтихори миллӣ ифтихоре, ки аз гузаштаи таърихӣ ва користони тақдирсози имрӯзӣ ҳосил шудааст, неруи бузургест, ки миллатро барои корномаҳои нав ба нав рӯҳбаландӣ мебахшад».

Мо-тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли сиёсӣ ба даст овардем, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем, ки дар таърихи навини давлатдориямон рӯйдоди бузурги таърихист. Мардуми тоҷик дар ин фосилаи таърихӣ ба марҳалаи нави худшиносии миллӣ ворид гардида, шуури иҷтимоии маънавӣ низ густариш ёфт.

Имсол баҳори бистушашумин истиқлоли давлатии худро чун ҳарвақта бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол мегирем. Албатта, истиқлоли Тоҷикистон бо кору фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Бахусус, масъалаҳои марбут ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, шинохти асли худ, густариши андешаи созандаи миллӣ ва тавсеаи аркони давлатдории миллӣ дар тӯли ин солҳо ба яке аз самтҳои бунёдии сиёсати фарҳангии Пешвои миллат табдил ёфт. Гиромидошти арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, ифтихор аз таърихи бостониву ғановатманди халқи тоҷик, арҷгузориҳо ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат будааст.

Таҷлили ҷашнҳои бошукӯҳи фарҳангӣ ва миллӣ, дар сатҳи баланди давлатӣ, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама дар баробари миллатдӯстӣ ва ватанпарастии Эмомалӣ Раҳмон, зимнан сиёсати фарҳангсиришти ӯро ба таъриху фарҳанги бостониву куҳани тоҷикон равшан ифода месозанд. Ҳадаф аз таҷлили санаҳои таърихӣ ва арҷгузории корномаҳои бузургони миллатамон, пеш аз ҳама шинохти ростини таърих, дарки амиқи фалсафаи ҳикмату фарҳанг, тарғиби адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон ва муаррифии онҳо ба мардуми кишвар ва ҷаҳониён, инчунин ба ин васила ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошад. 
           Назариёти илмӣ ва бунёдии Роҳбари давлатро дар ин самт ба инобат бигирем, ба чунин хулоса хоҳем расид, ки ӯ усулан муаллифи консепсияи андешаи миллии тоҷикон дар замони муосир мебошад. 
Ин консепсия шомили ҷузъитарин масъалаҳоест, ки афроди миллатро метавонад дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбият намояд. 

Аз ин рӯ, истиқлол мазҳари ормонҳои таърихӣ, ҷавҳари ҳувияти миллӣ, оғозгоҳи Ватану ватандорӣ ва асли давлати миллӣ мебошад.

Умриддин Юсуфӣ,

номзади илмҳои филологӣ

 

бознашр: http://din.tj/?q=node/800 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-04-2018, 11:48:54 | Диданд: 1112