Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3935]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 53645
МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ-КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА
Имсол 73-юмин солгарди ғалабаи Иттиҳоди шӯравӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ таҷлил мегардад.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаи неке бунёд ёфтааст, ки ҳамасола иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги бузурги ватанӣ-новобаста аз миллату диёнат мавриди ғамхорӣ қарор гирифта, давлату ҳукумат ҳамеша аз ҳоли онҳо бохабар аст.
Ташаббусҳои ғамхоронаи Пешвои миллат барои мардуми саховатманд бояд намунаи ибрат бошад ва мо бояд натанҳо дар арафаи Иди Ғалаба, балки ҳамеша нисбати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пиронсолону маъюбон дасти кумак дароз кунем.
Худованд сафи накӯкоронро зиёда гардонад, ки бузургони худро фаромӯш намекунанд ва ҳамеша ба муҳтоҷон дасти ёрӣ дароз менамоянд. Зеро Паёмбар (с) фармудаанд: «Касе ба калонсолони мо эҳтиром нагузорад ва ба хурдсолони мо раҳму шафқат накунад, аз мо нест».
Муҳтарам ҷамоат!
Имрӯз олами ислом ба қатлу куштор, талаву тороҷ, ваҳшату даҳшат гирифтор шуда, минтақаҳои мухталифи оламро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ ва низоъҳо фаро гирифта, рақобати геосиёсии абарқудратҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Тоҷикистон, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша зидди ҷангу нооромӣ ва ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳама гуна мухолифату низоъҳо мебошад.
Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта, бахусус моҳҳои охир маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон, инчунин, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар чандин кишварҳои исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра, вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст.
Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст.
Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем.
Вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда бояд шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.
Аз ин рӯ, тасмим гирифтем дар суҳбати имрӯза симои воқеии баъзе ташкилотҳои ба ном исломиро ошкор созем ва аъмоли онҳоро бо таълимоти аслии дини ислом қиёс намоем.
Дар ҷаҳони муосир ташкилотҳои террористии бешумор амал мекунанд, ки хунхортарини онҳо «Давлати исломӣ» мебошад.
Ҳафтаи гузашта дар Афғонистон дар натиҷаи бомбагузорӣ чанд таркиш рух дод, ки дар натиҷа 57 мусулмон кушта ва 120 нафари дигар захмӣ гаштанд. Бомбагузорӣ дар минтақаи ғарбии Кобул рух дода, масъулияти ин таркишҳоро ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифтааст ва иброз менамояд, ки онҳо ба дини ислом хизмат мекунанд.
Тасаввур кунед, ки одамони кушташуда дар дил нақшаҳо доштанд, ки он рӯз чӣ корҳоро ба сомон мерасонанд, шояд яке фарзандашро ба мактаб мебурд, дигаре ба кор мерафт, аммо ин дам садои таркиш ба гӯш расид ва ҷасади даҳҳо мусулмонони калимагӯ пора-пора шуд. Ин аст мусулмонии мо, ин аст «Давлати исломӣ»!
Агар мо ба таърихи пайдоши ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» рӯ оварем, мебинем, ки дар ибтидо «ДИ» мисли ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» як ҳаракат ё ҳизби ба ном исломӣ буд. Ба воситаи ҳиллаву найранг, истифодаи номи поки ислом, таъвилу таҳрифи оятҳои қуръонӣ одамонро фирефта, онҳоро ба коми худ кашид. Одамон гумон карданд, ки «Давлати исломӣ» адолатро ҷорӣ мекунад ва онҳо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ хоҳанд кард. Аммо вақт нишон дод, ки ҳадафи аслии «ДИ» ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ба ном исломӣ ба даст овардани ҳокимият, давлату сарват будааст.
Бинобар ин, мо бояд аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба ном «исломӣ», ки исломро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани мардум истифода мебаранд, бениҳоят эҳтиёт бошем. Ба суханҳои ширин, ояту ҳадисҳои таъвилшуда фирефта нашавем. Дар ҳимояи ақида ва мазҳаби худ устувор бошем.
Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад.
Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳои моҳвораӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва пешрафту тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мехоҳанд ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва онҳоро муқобили ватану миллати худ барангезанд.
Дар суҳбати имрӯза тасмим гирифтем ба Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ рӯй оварем ва бубинем, ки дар асл таълимоти дини мубини ислом чӣ гуна аст? Инак таваҷҷӯҳ намоед ба оёти зерин, ки дар шаъни рехтани хуни ноҳақ нозил шудаанд.
Худованд мефармояд:
Ба сабаби ин ҳодиса бар Банӣ Исроил ҳукм кардем, ки ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад… (Сураи Моида, ояти 32).
Аз оёти овардашуда бармеояд, ки Худои бузург ҳаргиз ба куштани нафсе амр накардааст, аммо ифротгароён ва террористон қоидаеро ихтироъ кардаанд, ки мусулмононро бо камтарин ҷурм кофир ва мулҳид эълон мекунанд, сипас қатлу ғоратро алайҳи онҳо раво медонанд. Дар ҳоле, ки ин мардум гӯяндаи калимаи шаҳодат аст. Дар ин маврид Паёмбар (с) мефармоянд: «Хуни ҳеҷ мусулмон, ки ба ваҳдоният ва ягонагии Худо ва нубуввати Паёмбари ислом шаҳодат медиҳад, ҳалол нест…» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Оре, агар муфтиву қозиҳои «Ҳизби наҳзати исломӣ», «Давлати исломӣ», «Ҷамоати ансоруллоҳ», «Ҷабҳату-н-нусра» ва дигар ташкилотҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои исломии хориҷиву дохилӣ сад далел биёранд ҳам, ҳамаи он дар пеши Қуръони карим ҳеҷ аст.
Маълум мешавад, ки Худову Расулаш (с) ҳаргиз ба бадиву бадхоҳӣ, хунрезиву вайронкорӣ амр накардаанд. Маълум мешавад, ки ҳама шиору даъватҳои ифротиён дурӯғ буда, бо таълимоти Қуръони карим заррае ҳам мувофиқат намекунанд. Онҳое, ки худро ҳомии дини ислом муаррифӣ мекунанд, дар асл душманони дини ислом мебошанд.
Мо танҳо дар бораи террористони хориҷӣ намегӯем. Дар дохили кишвар низ баъзе афроде ҳастанд, ки доим дар пайи эҷоди тафриқа мебошанд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд сиёсати пешгирифтаи давлатро танқид кунанд ва барои ин аз дини мубини ислом истифода мебаранд. Ин дини бузург имрӯз бозичаи афроди бадхоҳ ва баъзе гурӯҳу ҳизбҳои ба ном исломӣ шудааст. Чунин нафарон гӯё аз ислом дифоъ мекунанд, аммо дар асл дин барояшон як васила аст.
Мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои навадум дар майдони «Шаҳидон» кадом шиорҳо буд ва кадом ояту ҳадис бо тафсиру таъвилҳои ҳайратовар ба мардум расонида мешуд. «Озодӣ», «истеъфо», «аз хоби гарон хез» - дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши одамон мешуд, ки дар натиҷа тарафдорони ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» чунон аз хоб хестанд, ки қариб буд, давлату миллат аз байн равад.
Дар ҳаққи чунин афроди иғвогар ва тафриқаандоз Қуръони карим қотеона мефармояд:
«Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст» (Сураи Оли Имрон, ояти 105).
«Ва ин роҳи рости Ман аст, пас онро пайравӣ кунед ва роҳҳои дигарро пайравӣмакунед, ки шуморо аз роҳи Худо ҷудо кунад! Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то шояд ки шумо парҳезгорӣ кунед» (Сураи Анъом, ояти 153).
Қуръони карим одамонро ба раҳму шафқат, меҳрубонӣ, сабр ва бурдборӣ, афв ва бахшиш, садоқат, ростӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташвиқ намуда, аз ихтилофу тафриқа наҳй менамояд.
Дар мавъизаи имрӯза мо кӯшиш намудем, то симои воқеии гурӯҳҳои террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломиро бо овардани оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ ошкор созем.
Бигзор мардум огоҳ бошанд, он корҳое, ки дар Ироқу Сурия, Либияву Яман ва дигар минтақаҳо аз номи ислом анҷом дода мешаванд, ба ислом заррае ҳам робита надоранд.
Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳарактҳои ба ном исломӣ, баъзе одамони дурӯя ва хоинони миллат огоҳ созем. Бигзор ҳамагон бидонанд, ки дини ислом василае байни Худову бандааш мебошад, на равише баҳри вайронии ҷомеа ва ба даст овардани дунёи фонӣ.
Агар мо ҳақиқатро ба ҳамагон расонем, ҷавонони тоҷик дигар ба Ироқу Сурия намераванд, занони ҷангиёни кушташуда мавриди истифодаи дигар террористон қарор намегиранд, фарзандони онҳо зери танку тӯп намемонанд. Дигар касе наметавонад мардуми моро бо шиорҳои динӣ фирефта, дар ҷомеаи навини тоҷикон тафриқа эҷод намояд. Сулҳи тоҷикон ба арзонӣ ба даст наомадааст, аз ин рӯ мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то ин сулҳ ҷовидон пойдор бошад!
Моро лозим аст, ки дар атрофи Сарвари давлат – Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавем, дар ҳимояи дину ватани азизамон ҳама чун як тан пойдор бошем ва фарзандонро барои хизмати Ватан-модар сафарбар созем. Мо бояд ҳаминро дарк кунем, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ мешавад, танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии мардум буда, Сарвари давлат ҳама чораҳоро меандешанд, ки Тоҷикистони азиз аз воқеаҳои хунини олами ислом эмин бошад, зеро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳанд!
Абдураҳмон Мавлонов
Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ
Бознашр http://www.din.tj/?q=node/817
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-05-2018, 06:03:14 | Диданд: 747