Раиси ноҳия
Муовини аввали Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8677]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5770]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5129]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4630]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3939]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3935]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3933]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3929]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3638]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2415
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 53673
ИТТИҲОДИ МИЛЛӢ ШАРТИ ЗИНДАГИИ ОЗОДУ ОРОМ ДАР ҶАҲОНИ НООРОМ АСТ
ар ҳошияи суханронии Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Руҷӯъ ба фалсафаи инсоншиносӣ дар ҷавҳари таълимоти адён ва мазоҳиб аз қабл иртибот бар он мегирад, ки сарнавишти башарият ва ҳаллу фасли маҷмӯи муаммову мушкилоти он дар маърифати дурусти ҳақиқати ҳамон як инсон, берун аз тааллуқоти ақидаву эътиқодӣ, зоҳириву забонӣ ва милливу қавмӣ нуҳуфтааст. Ҳамин ваҳдату ягонагии асолати инсонӣ ба истилоҳ олами кабирро ба вуҷуд овардаву инсонҳоро дар моварои ҳама марзу маҳдудаҳо муттаҳид менамояд. Маҳз ношинохтагии ҳамин матлаби муҳим ва, ба таъбири маъруф, «ваҳдати инсонӣ» омили аслии сар задани маҷмӯи ҷангу хушунат, нифоқу душманӣ ва дигар харобкориҳо дар сайёра миёни одамон гардидааст.
Таваҷҷуҳи амиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамин масъалаи муҳим даъват ба дарки воқеии ин ҷавҳари фалсафаи умумибашарӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки дар остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид, бо назардошти маърифати моҳият ва аслу бунмояи таълимоти тамоми динҳои ҷаҳонӣ хеле бамаврид таъкид доштаанд: «Ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад».
Дар суханронии Сарвари давлат маҷмӯи мушкилоти мавҷуда, дар навбати аввал густариши ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон, афзоиши бемориҳои сироятӣ, дар мисоли нуфузи бемории норасоии масунияти одам, камбуди оби нӯшиданӣ ва таъсири он бар рӯзгори миллионҳо нафар шарҳу тафсир ёфтааст, ки ҳосили он ба сари худи инсоният фоҷиаҳои фаровонеро эҷод кардааст. Чунончи, танҳо бо сабаби нарасидани оби ошомиданӣ дар сайёраи Замин ҳамасола 1 миллиону 400 ҳазор нафар кӯдак азият кашида, дар ҳар дақиқа як нафар аз онҳо мефавтад. Мушкилоти беш аз 800 миллион аҳолии олам бар асари камбуди ғизо, аз ватан маҳрум шудани 70 миллион нафар бар асари ҷангҳои фарогири ҷаҳонӣ, аз ҷумлаи дигар муаммоҳои аслии инсоният ба шумор мераванд.
Барҳақ, Пешвои миллат бо таҳлили амиқи ин вазъияти хатарзо ба сарнавишти инсон ҳамагонро ҳушдор доданд, ки инсоният бояд дар сари ин масъалаҳо бисёр амиқ андеша намояд, ҷиҳати пешгирӣ кардани ин ҳама харобкориҳо дастҷамъона чораҷӯӣ кунанд ва талоши қувваҳои солимро ба паст намудани шиддати низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ равона созад. Дар суханронӣ дастуру ҳидоятҳое буданд, ки муносибати ҳар яки моро ба чунин вазъият ва ҷустори роҳу равиши раҳоӣ аз он мушаххас месозанд: «Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Зеро маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мову шумо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ин олами ноором додааст».
Мо ҳазорон шаҳодатеро дар афкор ва андешаҳои бузургони хеш дар таърихи гузашта дорем, ки ҷустуҷӯи роҳи раҳоӣ аз ин муаммоҳоро маҳз дар шинохти мақоми меҳварии инсон ва дарку маърифати сарчашмаи ягона доштани тамоми башарият дарёфт намудаанд. Пешвои миллат, ҳанӯз даҳсолаҳо пеш ба ин масъала руҷӯъ намуда, дар баробари нигориши чандин мақолот китобе ҳам дар заминаи пайванди андешаҳои Мавлонои Балхӣ бо сарнавишти башарият ва роҳу шеваҳои ҳаллу фасли муаммоҳои ҷаҳони имрӯз ба қалам овардаанд, ки зери унвони «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ба чоп расида буд. Имрӯз бо назардошти шиддат гирифтани таноқузи фикрӣ ва маънавӣ дар ҷаҳони муосир, тахриби андешаҳои инсоният бар асари ифротгароиву хилофкорӣ ва бадбиниву хушунат руҷӯи дубораи Пешвои миллат ба ин масъала барҳақ ҳушдорест, дар навбати аввал, ба ҷомеаи кишвар, ки чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин мушкилот дар мамлакати мо ҳам доман задааст. Олитарин сабақ ва дарси бузурги инсоншиносӣ, ки дар ҳамин мулоқот ба тамоми мардуми Тоҷикистон арза гардид, боз ҳам тамоюл ва кӯшиш барои расидан ба иттиҳоди миллӣ маҳсуб мешавад, ки дар зимни он таъмини сарҷамъии мардум дар атрофи чунин ғояву ормонҳои ваҳдатофарин маҳсуб меёбанд. Зеро ба таъбири Сарвари давлат дар чунин айёми бархӯрдҳои фаровон ва қудратсозиву қудратсӯзиҳо “Танҳо иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзу ояндаи он дар атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати воқеан бостонӣ ва соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад”.
Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филологӣ
Бознашр аз сомонаи Ҷумҳурият
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 04-06-2018, 13:52:36 | Диданд: 695