МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Имрӯз, ки башарият бо таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ рӯ ба рӯ шудааст, Тоҷикистони мо низ, ки узви ҷомеаи ҷахонист аз ин хатарҳо эмин нест.

Имрӯз, ки башарият бо таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ рӯ ба рӯ шудааст, Тоҷикистони мо низ, ки узви ҷомеаи ҷахонист аз ин хатарҳо эмин нест.

Имрӯз, ки башарият бо таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ рӯ ба рӯ шудааст, Тоҷикистони мо низ, ки узви ҷомеаи ҷахонист аз ин хатарҳо эмин нест. Яке аз масъалаи ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷахонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм аст. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар љањон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо - ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошанд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар кишварҳои мустақили минтақаи Осиёи Марказӣ фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омад ва дар байни мардум бештар равияҳои гуногуни динӣ рӯ ба афзоиш ёфтанд. Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии ислломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгири мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим-таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Яке аз омилҳои авҷи хатари терроризм ва экстрремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошад. Коршиносони ватаниву хориҷӣ таснифоти зерини экстремистиро ҷудо мекунанд: Экстремизм миллатгароӣ – ғояҳои радикалӣ, таҳамул нопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гурӯҳҳои этникӣ, миллатҳо, гурӯҳҳои нажодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хуштан дар шаклҳои шадид – терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад. Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, “ҳақ будани як таълимоти динӣ”, кушиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад. Ба тундгароӣ рӯ ру овардани наврасон ва ҷавонон назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин, хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд. Экстремизми экологӣ назари радикалӣ нисбат ба ташкилот ав корхонаҳои ба таназзули муҳити зист мусоидат кунанда мебошад. Он дар амалҳо ва намоишу эътирозҳо барои ҳифзи муҳити зист бар зидди гунаҳкорони ҷиноятҳои экологӣ зоҳир мегардад. Чораҳои радикали ҳатто нисбат ба шахсоне, ки либосҳои аз пашми ҳайвонот ба бар кардаанд, метавонанд зоҳир шаванд. Экстремизми зидди ҷаҳонӣ назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбат ба ташкилотҳои ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣтаъсиркунанда мебошад. Иротгароён дар ҳаракати зиддиҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта, иштирок мекунанд. Ҳамин тариқ бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу ташкилотҳои экстремистиву террористи бо истифода аз дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, воситаи ахбори оммава шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабарҳои бардурӯғ ба ҷалб намудани аъзои нав ба сафи худ машғуланд. Дар чунин шароит, мо ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз пайи донишомӯзӣ ва пешбурди зиндагии осоиштаи худ бошем. сокини ноҳияи Восеъ Саъдизода Аҳмадҷон.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-04-2023, 12:55:31 | Диданд: 220