МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ БАШАРИЯТ

ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ БАШАРИЯТ

Раванди радикализм (тундгароӣ), ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир ба ҳисоб рафта, ба худ хатари минтақавию байналмилалӣ касб намудааст. Мутаассифона, аксари амалҳои нангини ин гурӯҳҳо зери ниқоби шиору арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд, ки на ба ҳамаи диндорону пайравони дини мубини ислом ошкор аст. Аз ин рӯ, баъзе аз нафарони камдониш ба суханҳои бофтаи онҳо зуд фирефта мешаванд.
Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ, дар навбати аввал, бо нафароне, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират дучор шудаанд, думболагир мекунанд. Бо мақсади дуруст фаҳмидан ва дарк намудани ин хатар бояд пеш аз ҳама ба мазмуну муҳтавои тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканиву иртиҷоӣ сарфаҳм рафт.   
Тундгароӣ - дастгирӣ ва пайравӣ ба ақидаҳои бемуросо ва таҳаммулнопазир. Тундгароиро метавон ба динӣ, сиёсӣ, гендерӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва ғайра ҷудо намуд. Раванди тундгароии ҷомеа - афзоиши шумораи тарафдорони ақидаҳои яктарафае, ки нуқтаи назари дигарро таҳаммул надоранд, ягон намуди муросоро эътироф намекунанд ва ба муколамаи самаранок моил нестанд.
Ифротгароӣ - зоҳир гардидан ё амалиёти ифротгароёнаи ҷомеа, ки бештар мустақиман ба сохти сиёсии ҷомеа, гурӯҳ ё фардҳои алоҳида хатар ба вуҷуд меоваранд. Ифротгароӣ ба иҷтимоӣ, миллӣ, сиёсӣ ва динӣ ҷудо мешавад. Амалиёти сиёсии ифротгароӣ дар шаклҳои гуногуни фаъолият сар шуда, бо шаклҳои шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм сурат мегирад.
Даҳшатафканӣ (терроризм) - шакли ниҳоии хеле хатарноки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва динӣ мебошад ва пеш аз ҳама, ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Даҳшатафканӣ аз рӯйи моҳияти худ истифода ва таҳдиди мунтазами истифодаи зӯроварист, ки аз нигоҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ ё идеологӣ асоснок шудааст. 
Ифротгароӣ ва шакли ниҳоии он даҳшатафканӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддиву воқеӣ дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ роҳи тарғиби ғояҳои ифротӣ ин интернет ба ҳисоб меравад. Интернет баҳри рушди экстремизм нақши калон мебозад. Он ба воситаи чат ва форумҳои мубоҳисавӣ барои муошират имкон муҳайё менамояд.  
Қобили қайд аст, ки терроризм ва экстремизм дар миқёси ҷаҳон бениҳоят  паҳн гардида,  хатари  калони  иҷтимоӣ  дорад  ва ба амнияти кишварҳо ва минтақаҳои гуногун бевосита таҳдид намуда истодааст. Вақтҳои охир шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои хавфноки трансмиллӣ,  аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқ, одамрабоӣ, ба назар мерасанд. Мутаассифона, бархе аз шаҳрвандони ноогоҳи мамлакати мо низ ба ин гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон ва дигар давлатҳои минтақаи Шарқи Наздик иштирок доранд. 
Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ҷамъияти шаҳрвандиро тақозо менамояд. Имрӯзҳо ҷинояткорон дар кирдорҳои худ шаклҳои гуногуни яроқро интихоб намуда, ба давлатҳои абарқудрат муқобилияти шадид нишон дода истодаанд, ки ин аз хатари аслии терроризм ва экстремизм ба ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии гурӯҳҳои алоҳидаи қишри ҷомеа, махсусан ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоиро тағйир доданӣ мешаванд. Бинобар ин, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз зарурати бартараф намудани рушди экстремизм аст. Аз ин рӯ, ба муқобили радикализм, ифротгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир, ки барои ҷомеаи мо бегона мебошанд, мубориза бурда, барои пешгирӣ намудани онҳо чораҳои мушаххаси тарбиявӣ андешидан зарур аст.
М. ҲАСАНОВ, устоди ДДҲБСТ

Бознашр аз сомонаи Ҷумҳурият 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-08-2018, 13:22:42 | Диданд: 720