Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8669]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5767]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5124]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4626]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3935]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3930]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3929]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3924]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3631]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 53467
ТУҲФАИ НАВ БА КОРМАНДОНИ СУҒУРТА
Дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кормандони филиали дар ноҳияи восеъбудаи корхонаи Тоҷиксуғурта соҳиби бинои нав-дафтари корӣ гардиданд. Бино бо маблағгузории корхонаи Тоҷиксуғурта давоми як сол сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он бо таҷҳизоти зарурии корӣ пурра ҷиҳозонида шудааст.
2-сентябр дар ин ҷо ба муносибати ифтитоҳи бинои корхона ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳия Мусо Ғафурзода, муовини авали директори корхонаи давлатии Тоҷиксуғурта Абдулло Абдуллоев, директори ташкилоти вилоятии Тоҷиксуғурта Раҷабалӣ Тағоев, ҳамчунин роҳбарони ташкилоту корхонаҳои ноҳия иштирок доштанд.
Раиси ноҳия Мусо Ғафурзода ва муовини аввали директори генералии корхонаи давлатии Тоҷиксуғурта Абдулло Абдуллоев ҳачун рамзи ифтитоҳ ва ба истифодадиҳии бинои мазкур лентаи рамзиро бурида, ба коллективи кормандони шуъбаи дар ноҳиябудаи тоҷиксуғурта дар кори хизматрасонӣ ба сокинони ноҳия комёбиҳо орзу намуданд.
ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ
Баъди садсолаҳо неъмати бебаҳо- истиқлолияти давлатӣ насиби мардуми тоҷик гардид. Кишвари мо - Тоҷикистони азизро мамолики дунё чун давлати соҳибихтиёру демократӣ ба расмият шинохт. Агарчи бузургони миллати тоҷикро чун Абӯалӣ Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Хайёму Донишу дигар чандин нобиғаҳоро мешинохтанд, вале аз миллати тоҷик ва тамаддуни он бехабар буданд. Аниқтараш фаҳме намекарданд, ки ин тамаддуни оламгир моли миллати тоҷик аст.
Дар раванди рушду нумӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бунёдкориҳову созандагӣ халқи тоҷик низ шомил гардид. Таи даврони истиқлолият Тоҷикистон, мардуми тоҷик ба як қатор дастоварду комёбиҳо ноил гардид. Баробари рушду такомули шаҳрҳо, сохтмони иншоотҳои назаррас, ҳамчунин симои деҳу деҳкадаҳо низ хеле дигаргун гардид, ки онро мардум аз файзи истиқлол медонанд.
Аз ҷумла пешрафту дигаргуниҳо, дастовардҳо дар деҳоти ҷамоати деҳоти мо низ истисно нест. Мардуми меҳнатқарини ҷамоати мо аслан ба пахтакорӣ шуғл меварзад. Вале баробари ин хоҷагиҳои алоҳида бошанд, имсол дар қитъаҳои заминҳои худ ҳамчунин полезию обчакориро ривоҷ доданд. Деҳқонон бо маҳсули дасти худ на танҳо сокинони ҷамоатро таъмин намуданд, ҳамчунин як қисми онро ба бозори ноҳия ва берун аз он бароварданд.
Истиқлолият равиши зиндагиро маҷрои нав бахшид. Хоҷагиҳои бузург ба хоҷагиҳои хурд қисмат гардиданд. Ва алҳол дар ҳудуди ҷамоат беш аз 500 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки нишондоди аксари кулли онҳо мувофиқи мақсад аст. Аз ҷумла, деҳқонон то имрӯз аз кишти пиёз 450 сентнерӣ ва аз полезиҳо бошад, 500 сентнерӣ ҳосил бардоштанд.
Алҳол дар ҳудуди ҷамоат 31 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Қобили зикр аст, ки шароити зисту зиндагӣ, иҷтимоиёт рӯз аз рӯз хубтару беҳтар мегардад. Барҳам задани сатҳи камбизоатии мардуми тоҷик, ки мароми асосии Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ раҳмон аст, амалӣ мегардад.
Итминони комил дорем, ки ниҳоли истиқлол дар замини ваҳдату дӯстӣ боз ҳам рушду камол ёфта, меваҳои ширин ба бор хоҳад овард.
Аз фурсат истифода намуда, ба мардуми шарифи тоҷик 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз самими дил табрик гуфта, барору комёбиҳои нав ва зиндагии хуш орзу менамоям.
А. НАЗАРОВ,
раиси ҷамоати деҳоти ба
номи Мирзоалӣ Вайсов.
Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 1012