Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8843]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5861]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5257]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4705]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4025]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4023]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4009]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4007]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3696]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Э Ъ Л О Н
2. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
3. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
4. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
5. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
6. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
8. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2418
- Расмхо: 39
- Онлайн: 1
- Хамаги омаданд: 55378
ИСТИҚЛОЛИЯТ
Агар ҳоло суоле ба миён ояд, ки «Мехоҳӣ чархи фалак тоб хураду замони шуравӣ барқарор гардад?» Шояд баъзеҳо розӣ гарданд, аммо мане, ки замони Шуравиро надидаму насли замони истиқлолият ҳастам не мегӯям. Зеро ҳар чанде ки бо хунбаҳои бузург, ҷанги шаҳрвандӣ, ки барои миллати тоҷик таҳмилӣ буд соҳиби мустақилият, соҳибихтиёрӣ гардидем. Вале он куштор, ранҷу азиятҳое, ки миллати тоҷик, халқи Тоҷикистон давоми солҳои ҳифзи истиқлолияту якпорчагии Тоҷикистон кашид набояд азлавҳи хотир, сафҳаи таърих фаромӯш гардад. Баъди кашмакашиҳо бо имдоди Худованду кӯшиши сарвари худодод боз ба по бархоста, давлат барпо кардем, яъне бо ин ҳама талафот ба мақсад расидем. Аслан бигирем инсоният барои ба даст овардани истиқлолият талафот меёбад, чунки таърих гувоҳ аст, ки дар Ҳиндустон барои ба даст овардани истиқлолият 13-миллион ҳинду талаф ёфт. Пӯшида нест, ки ҳамон миллате маъруфу пешсаф мегардад, ки истиқлолият ба даст овардааст. Мо тоҷикон низ истиқлолият ба даст овардем. Яъне мо низ мисли ҳиндуҳо ба ғалаба боварӣ доштем, набошад ба ҳеҷ ваҷҳ ба истиқлолияти комил намерасидем. Биёед як маротиба солҳои 90-уми асри гузаштаро ба хотир биёрем. Солҳои наваду яку наваду ду ба майдон мерафтем, дод мезадем, истеъфои ину онро талаб мепкардем. Хуллас, сиёсатбозӣ мекардем. Бехабар аз ҳаводиси рӯзгор. Баъдан хуни садҳо нафар рехту надонистанд барои чӣ. Ину он дилсиёҳе, ки ҷавононро ба мубориза тела медод ва ҳангоми оғоз шудани тирпаронӣ худ ғайб мезад. Хун буду марг буду, ашк буду ноамнӣ ва гуруснагӣ. Шоирн ва файласуфи бузурги немис гуфта буд «Агар ҷаҳон битаркад тркишҳои он нахуст аз дили шоир мегузарад» Ҳақиқати инро мо дар гуфтаҳои шоири шаҳир Ашур Сафар дидем. Таркишҳои ҷомеа ҳақиқатан аз дили нозуки шоир гузашт. Охири солҳои навадум дилаш таркиду аз ҷаҳон гузашт. Ба суханҳои бузургони миллат касе дигар гӯш намедод. Бино бар ин шоири гирифтори ғами миллат дар кунҷаке нишаста гуфт:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Чӣ қадар маънӣ ниҳон аст дар ин ду мисраъ! Орзуи тамоми миллат ҳамин буд. Вазъият чунин муташаниҷ буд, ки ҳато шоир барои ханда бар лаб шудан шак дошт. Аз истиқлолият касе дигар сухан намегуфт. Аммо билохира ҳақиқат ғалаба карду ҷангу хунрезӣ поён ёфт ва истиқлолият ба даст омад.
Миллати тоҷик баъди ҷаласаи тақдирсоз, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ боварӣ ҳосил намуд, ки ҳама кор хуб мегардад. Агар аз ин дида аниқтар гӯем дар он ҷаласа суханони раиси тозатаини Шурои Олӣ, яъне Эмомалӣ Раҳмон, ки хеле ҷавон буду ботаҷриба тавонист, ки бо як ҷумла: «Ман ба шумо сулҳ меорам» бовариро дар дили мардум ҷой кунад ва барои ба даст овардани истиқлолият хишти аввал ва муҳимро гузорад.
Насли имрӯз набояд фаромӯш созад, ки баъди аз даст рафтани истиқлолият ҳам ханда аз лаб мераваду ҳам базму тараб хотима меёбад.
Бино бар ин рӯзи истиқлолиятро бо ҳашмат бояд ҷашн гирифт то муғризон боварӣ ҳосил кунанд, ки мо миллати сарбаланди тоҷик ҳамвора омодаем ҳар кадом барои ҳифзи истиқлолияти кишвар ҷон фидо кунем.
Ҷашни истиқлолиятро ба ҳама ҳамватанонамон муборакбод мегӯем.
Муҳаммад Саидзод
Матлуба Раҳмонова
махсус барои «Гулхани Восеъ».
Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 1248